ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ. Низоми идораи молияи давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ устувор гардид

Декабрь 7, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 07.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти молия мебошад. Қисмати асосӣ ва калидии низоми молиявӣ буҷети давлатӣ мебошад. Буҷет танзимкунандаи тавонои иқтисодиёт, муҳимтарин омили амалигардонии дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ буда, таносуби мавҷудаи хоҷагидории миллиро хеле тағйир дода, ба сохтори соҳавӣ ва ҳудудии истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъсир мерасонад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сохторҳои марказии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар пешбурди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми беандоза дорад. Он самтҳои асосии сиёсати буҷету андоз ва идоракунии молияи давлатиро барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат мутобиқ гардонидааст.

Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода иброз дошт, ки «дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми идоракунии устувори молиявӣ ташаккул ёфт, ки аз низоми қаблан амалкунандаи нақшавӣ ба  куллӣ тафовут дошта, вобаста ба талаботи иқтисоди бозорӣ бунёд гардидааст. Яке аз зуҳуроти асосии ин низом таъмини амнияти молиявӣ, интишор ва амалкарди пули миллӣ, пеш бурдани сиёсати мустақили пулию қарзӣ, такмили низоми андозбандӣ, таъмини шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет ва нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет мебошад».

Дар замони истиқлолият дар Тоҷикистон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо таъсис дода шуданд. Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет ҷалб намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад.

«Вобаста ба истифода, яъне харҷи даромадҳои давлатӣ нақши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз ниҳодҳои калидии ҳукумат, ки дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми беандоза дорад, махсус бояд гуфт. Кормандони мақомоти молия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба кадрҳои соҳибкасби аз маҷмуи донишҳои замонавӣ бархурдор, забондон, корбарандагони пешқадами технологияҳои иттилоотӣ ва коршиносони соҳаи молия табдил ёфтанд. Ҳамасола хатмкардагони ихтисосҳои марбути Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод аз озмунҳои басе ҷиддӣ гузашта, ба сафи кормандони мақомоти молия дохил мешаванд ва сол то сол дар байни кормандони ин мақомот шумораи дастпарварони донишгоҳ меафзояд»,-гуфт Ҳакимбек Абдуалимзода.

Низоми молияи мамлакат дар таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт саҳми босазо мегузорад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, аз қабили «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва садҳо дигар ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи раванди молия қабул гардида, барои таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорию сармоягузорӣ ва ташаккули низоми миллии буҷету андоз ва пулию қарзӣ ва рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд.

Бояд гуфт, ки 4 декабри соли равон дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» қабул карда шуд. Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2024 ба маблағи 6,6 миллиард сомонӣ ё 15,4 фоиз зиёд мебошад.

Ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона намудани 23,9 миллиард сомонӣ тасдиқи хусусияти возеҳи иҷтимоӣ доштани  буҷети соли 2025 мебошад.

Дар маҷмуъ, низоми идораи молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба низоми устуворе табдил ёфтааст, ки барои таъмини самараноки сиёсати молиявӣ хизмат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид