Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз 39 миллиард сомонӣ ба 73 миллиард сомонӣ расонида шуд

Декабрь 28, 2024 13:12

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019 ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмолию саноатии мамлакат мусоидат менамоянд.

«Бо вуҷуди ин моро зарур аст, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои гуфташуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятро барои рушди соҳаи кишоварзӣ равона намоем», — изҳор намуданд Роҳбари давлат.

Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки дар шароити болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ Барномаи амнияти озуқавории мамлакатро барои панҷ соли оянда қабул ва амалӣ намоянд.

Декабрь 28, 2024 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд