Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд

Декабрь 13, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 барои мардуми Тоҷикистон соли хотирмон мебошад, зеро сокинони ҷумҳурӣ бо шукрона аз ин мулки ободу озод 30-солагии қабули Конститутсияи ҷумҳуриро таҷлил намуда, бо руҳияи болидаю саршор 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

— Ҳамаи мо хуб медонем, ки солҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо солҳои хеле вазнин буданд. Бархӯрди идеяҳои сиёсӣ ва идеологияи гуногун ҷомеаро ба гурӯҳҳои мухталиф тақсим карда, вазъи басе муташанниҷро ба миён овард. Дар баробари тавлиди гурӯҳҳо, ҳаракатҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ гурӯҳи равшанфикрони дар ҳақиқат дилсӯзу ҷонфидои халқу Ватан низ буданд ва ба таъсиси ҳизбе оғоз намуданд, ки ифодагари кулли ормону орзуҳои халқ гашт. Ин ҳизби мардумӣ иқдоми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисон дар шаҳри Душанбе доир шуда, Оиннома ва Барномаи ҳизбро тасдиқ намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он солҳои ноорому мухолифатомез худро чун ҷонибдори равандҳои демократикунонии ҷомеа, сохтори бисёрҳизбӣ, таъмингари озодии сухану ошкорбаёнӣ, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуд. Ҳизб ҳамчун неруи тоза, бунёдгару созанда ва навовар дар умқи ҷомеа реша давонда, беҳтарин инсонҳои хирадманд, олимон, сиёсатмадорон ва халқи меҳнаткашу ватандӯстро ба ҳам оварда, сарҷамъ намуд. Ҳар аъзои ҳизб аз оғози фаъолият ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ содиқона пайравӣ намуда, барои ҳар чӣ зудтар хотима бахшидан ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани рӯзгори осоишта, аз байн бурдани парокандагӣ ва ба даст овардани ваҳдату якпорчагии миллӣ, бо роҳи мусолиҳатомез ва гуфтушунид ҳал кардани ҳама масоили мавҷуда, барқарор намудани муносибатҳои байналмилалӣ, ба Ватан баргардонидани гурезагони иҷборӣ, аз байн бурдани ҷинояткорӣ, муваффақона анҷом додани маъракаи ҷамъи силоҳ ва таъмини волоияти қонун корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Марҳила ба марҳила доманаи фаъолияти ҳизб бо маслиҳату роҳнамоиҳои Пешвои миллат васеъ ва самти корбарӣ барои ҷалби сифатии аъзо, таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, пурқувват намудани заминаи моддию техникӣ, кор бо муҳоҷирон, таблиғи дастовардҳои миллӣ, ҳамкории самарабахш бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муассиртар гардид.

Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид дошта буданд, ки «сабаби аслии воқеии обрӯю эътибор ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар дигар ҷо бояд ҷуст. Ин нуфуз ва маҳбубият дар умқи ҷомеаи Тоҷикистон реша давондааст. Вай манфиат ва хостаҳои аксар сокинони мамлакатро ифода мекунад. Барои ҳамин одамон тақдирашонро ба ин ҳизб мепайванданд ва аз он ҷонибдорӣ мекунанд».

Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои  созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор барои ҳалли мушкилию муаммоҳо фаъолияти судманд менамояд.

Як ҷанбаи ба зудӣ меҳру муҳаббати сокинонро ба даст овардани ҳизб маҳз фаъолияти созандаи Роҳбари давлат, ки таъсисдиҳандаи он буда, роҳбарии ҳизбро бар дӯш доранд, маҳсуб мешавад. Аз ин хотир Раиси ҳизб ба фаъолияти ҳаррӯзаи ҳизб шахсан худашон таваҷҷуҳ намуда, зимни баргузории анҷуманҳо ва маҷлисҳои васеи Кумитаи иҷроияи марказӣ ба масъулин барои софдилона анҷом додани рисолати ҳизбӣ дастуру супоришҳои махсус медиҳанд. Натиҷаи меҳнатҳои самаровар буд, ки имрӯз аксар кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иродати Раиси ҳизб соҳиби бинои маъмурӣ,  хоҷагии ёрирасон ва мошини хизматӣ гаштаанд.

Ҳоло пешорӯи аъзои ҳизб вазифаҳои пурмасъул – дар руҳияи худшиносӣ ва дӯст доштани марзи аҷдодӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон, муборизаи беамон бурдан бар зидди хурофотпарастӣ ва зиёдравӣ меистанд. Ташаббусҳои ибратомӯзи аъзои ҳизби ҷумҳурӣ, аз қабили сарпарасти маънавии Неругоҳи барқи обии «Роғун» будан, баргузории ҳамоишҳои бузурги «Мо бо шумоем», албомэстафета таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат», «Шаҳодатномаи ман – ифтихори ман», таъсиси  махзани ягона, ҷорӣ намудани рейтинги ҳизбӣ, ҳафтаи аввал-ҳафтаи тақвиятбахшии ташкилоти ибтидоӣ, дастгирии маъюбон ва ҷорӣ намудани нафақаи ҳизбӣ муҳаббати аҳли ҷомеаро нисбат ба ин ҳизб дучанд гардонид.

Ташкилоти ибтидоии «Сино» дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд» соли 2003 таъсис ёфта, давоми 21 соли фаъолият аз созмони хурди иборат аз 7 аъзо ба 282 нафар расонида шуд. Теъдоди аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ташкилоти ибтидоӣ беш аз 465 нафар мебошад. Ташкилоти ҳизбӣ бо кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд робитаи қавӣ дошта, даҳҳо конфренсияю иқдоми муштаракро доир намудааст. Аъзои ҳизби ташкилот аз он ифтихор доранд, ки дар расми ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Имрӯзҳо дар баробари корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки асоси фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, инчунин бо назардошти воқеаю таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳизб кӯшишу ғайрати худро ба самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсию иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз таъсири ақидаҳои манфии равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ дар байни ҷомеа равона кардааст.

Дар ин раванд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва назари воқеӣ ба рӯйдодҳои ҷомеаи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон меҳвари асосии фаъолияти аъзои ҳизбро ташкил медиҳад. Ҷойи ифтихор аст, ки фаъолони ҳизб ва ташкилоти ҳама зинаҳои ҳизбӣ дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум дар сатҳи зарурӣ ва бо касбияту самимияти баланд мефаҳмонанд.

Месазад иброз намоем, ки Тоҷикистони мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкорию созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъию ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, бо шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад. Воқеан, озодию ҳамдилии мо ҳамон вақт маънию моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа онро ба хубӣ дарк намояд. Ин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза амал карда, ҳамчун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагии Ватан, ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон – истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ роҳнамоӣ менамоянд.

Тавре Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолият ва осудагию ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоно бунёд намоем».

Ин суханони Пешвои миллат мароми мо ва шиори барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — «Барои пешрафт ва зиндагии шоиста!» самти муайяншудаи фаъолияти мо мебошад.

 Алимат МАВЛОНЗОДА,
раиси ташкилоти ибтидоии «Шифо»-и Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ 

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 13, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд
«РОҒУН» — АРСА ВА КОРЗОРИ НАНГУ ОРИ МИЛЛӢ. Бунёди ин кохи бузурги асри XXI барои тоҷикон хеле муҳим мебошад
ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, ЭЙ ҚАҲРАМОНМАРД. Эҳдо ба ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад