ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ҳизби ормонҳои халқ» ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада хабар доданд, дар ҳамоиш ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд Саидмаҳмуд Саидзода иброз намуд, ки дар афзун гардидани дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва тарғибу ташвиқи идеяҳои ватандӯстӣ дар мамлакат саҳми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Давоми 30 соли фаъолият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, таъмини амният ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатӣ саҳми бориз дорад.
Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба майдони сиёсат омад ва тавонист худро бо идеяҳои созандаю бунёдкорона ва ватандӯстонаю ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд.
АКС: Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих






