Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хоруғ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Декабрь 16, 2024 19:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз китобхонаи  илмии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни ифтитоҳи он Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар бораи ба марҳилаи нави рушд ворид шудани вилоят, аз ҷумла пешрафту тараққиёт дар солҳои 2023-2024, ки ба ташрифи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят рост меоянд, сухан гуфт.

Соли равон бо иштироки мардуми сарбаланди вилоят тамоми чорабиниҳои давлатӣ ва касбӣ дар сатҳи баланд доир гардиданд.

Зимни мулоқот ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Амид Комилбек  доир ба сатҳу сифати таҳсил, таълиму тарбия, созандагию бунёдкорӣ ва фаъолияти минбаъдаи донишгоҳ маълумот дод.

Бояд гуфт, ки китобхонаи донишгоҳ пурра навсозӣ шуда, бо тарҳи нав ва таҷҳизоти нави муосир ҷиҳозонида шудааст. Дар китобхона хизматрасонии нав- дастрасии озоди китоб амалӣ гардидааст.

Таъкид шуд, ки имрӯз таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат ба рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баръало ба мушоҳида мерасад. Ҳоло дар вилоят садҳо иншооту корхонаҳои муосир мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ин нишони он аст, ки шароити зиндагӣ ва инфрасохтори минтақа боз ҳам беҳтар мегардад.

Имрӯзҳо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои вилоят рушди бемайлон касб намуда, пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Истифодаи оқилонаи замин ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят ҳамеша мавриди назар қарор дорад. Бо пешрафти соҳаҳои иқтисод ва кишоварзӣ зиндагии мардуми вилоят боз ҳам беҳтар мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев

Декабрь 16, 2024 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд