Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
ХОРУҒ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумакҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз либосҳои зимистона ва туҳфаҳо расонида шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд.
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ зимни суҳбат бо тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ иброз дошт, ки «Пешвои миллат ба таълиму тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Ҳамасола бо мақсади такмили донишу истеъдод ва ҳунару маҳорати хонандагон дар мамлакат озмунҳои мухталиф баргузор мегарданд.
Ҳавасмандгаронии довталабони озмуну олимпиадаҳо бо ҷоизаю маблағҳои пулӣ ва муқаррар кардани баъзе имтиёзҳо ба онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ кӯдакону наврасонро водор месозад, ки бештар китобҳои бадеӣ ва илмӣ-риёзӣ мутолиа карда, савияи дониши худро боз ҳам баландтар бардоранд».
Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ба Пешвои миллат барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳо изҳори сипос карда, баён доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, бо рафтору кирдори намунавӣ мактабро хатм ва ба Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






