МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад

Декабрь 26, 2024 10:47

ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар бозорҳои мамлакат мандарин фаровон гашта, дар фасли зимистон яке аз меваҳои асосии дастархони мардуми мо маҳсуб мешавад. Ин мева манбаи хуби витамини В ва С буда, истеъмоли он дар фасли зимистон ба мустаҳкам гардидани масуният (иммунитет) мусоидат менамояд. Вале истеъмоли аз ҳад зиёди мандарин ба саломатии инсон зарар дорад. Дар таркиби ин меваи ситрусӣ фруктоза зиёд буда, он ба бунияи инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Ба занони ҳомиладор истеъмоли мандарин тавсия дода намешавад

Табибон истеъмоли мандаринро ба нафарони гирифтори бемории илтиҳоби шадиди роҳҳои нафас ва аллергия тавсия намедиҳанд. Зеро ҳангоми чунин бемориҳо сулфа ва хориши роҳҳои нафас, ки аз истеъмоли ин мева ба вуҷуд меояд, зиёд шуда, метавонад сабаби варам намудани роҳҳои нафас гардад. Инчунин истеъмоли аз меъёр зиёди мандарин метавонад ба саломатии зани ҳомиладор ва кӯдаки батни ӯ таъсири манфӣ расонад. Истеъмоли ин навъи мева ба одамони гирифтори бемории захми меъда, гастрит ва дигар бемориҳои узвҳои ҳозима низ тавсия дода намешавад, зеро он сабаби авҷгирии беморӣ гардида метавонад.

Табибон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки бемории диабети қанд доранд, дар як рӯз набояд аз ду дона зиёд мандарин истеъмол намоянд. Истеъмоли ин меваи ситрусӣ барои кӯдакони аз 3-сола боло бо меъёри муайян тавсия дода мешавад.

Мандарин барои бартараф намудани фарбеҳӣ кумак мерасонад

Мандарин, ки меваи болаззат ва дорои бӯи хуш аст, барои бартараф намудани фарбеҳӣ кумак мерасонад. Таҳқиқот собит намудаанд, ки истеъмоли мандарин метавонад ба кам шудани чарбуи ҷигар ва чарбҳои шикам мусоидат намояд. Афшураи тару тозаи мандарин ба кӯдакон ва беморон ҳамчун нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ тавсия дода мешавад. Дар ҳарорати баланди бадан он барои мубориза бо ташнагӣ кумак менамояд. Бинобар доштани хосиятҳои антисептикӣ мандарин таъсири зиддимикробӣ ва зиддивирусӣ низ дорад.

Пӯсти мандарин барои баъзе бемориҳо фоидаовар аст

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб, пӯсти мандарин дорои равғани эфирӣ буда, барои табобати бисёр бемориҳо истифода мешавад. Аз ҷумла, барои бастани оби бинӣ хеле хуб аст. Ба оби ҷӯшида 2-3 дона пӯсти мандаринро илова намуда, 10 дақиқа нигоҳ доранд ва онро ба бинӣ чаконанд, манфиати хуб дорад. Пӯсти мандарин дорои антиоксидантҳои зиёд буда, пайдоиши ҳуҷайраҳои саратонро пешгирӣ менамояд.

Парвариши мандарин дар Тоҷикистон

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи илмҳои кишоварзӣ иттилоъ доданд, дар Тоҷикистон навъи беҳтарини мандарин парвариш меёбад, ки аз ҷиҳати маззаю хушбӯӣ ва сифатнокӣ дар ҷаҳон ҳамто надорад. Аз ҷониби олимони кишоварзи тоҷик ду сол аст, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон меваи мандарин павариш мешавад, ки ҳосили хуб медиҳад.

Ба гуфти мутахассисони соҳа, дарахти мандарин бо роҳи пайванд, яъне аз навдаи дарахти лимӯ зиёд карда мешавад. Ин навъи мева бо роҳи тухмӣ низ парвариш карда мешавад, аммо ҳосили хуб намедиҳад. Дарахтони мандаринро дар гармхона ва хандакҳо парвариш намудан мумкин аст. Ин навъ мева гармидӯст буда, ба хунукӣ тобовар нест. Ҳосили ин меваи ситрусӣ моҳҳои ноябр ва декабр ҷамъоварӣ мегардад. Ин дарахтон соле як маротиба ҳосил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла мандарин ба роҳ монда шудааст. Пойгоҳи асосии истеҳсоли меваҳои ситрусӣ водии Вахш ба ҳисоб меравад. Иқлими вилояти Хатлон барои парвариши ин навъи мева мувофиқ мебошад. Инчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Ҳисор низ барои парвариши меваи мандарин ва навъҳои дигари меваҳои ситрусӣ созгор мебошанд.

Масъулин тасмим гирифтаанд, ки бо роҳи пайванд намудан ниҳолҳои онро зиёд намуда, парвариши ин меваро дар мамлакат бештар намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 30 сентябри соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид.

Бояд гуфт, ки рушди ситруспарварӣ яке аз манбаъҳои даромад ва тақвияти иқтисодиёти ҷумҳурӣ дониста шуда, бо амалӣ гардидани ин барнома нархи меваи ситрусӣ дар бозорҳои истеъмолӣ паст мегардад. Он ҳамчунин ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 26, 2024 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Он омили муҳим барои ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа аст
АРҒУШТИ СИТОРАГОН БУВАД ДАР ЧАКАНАТ. Чаро баъзе аз духтарон дар пӯшидани либос ба фарҳанги бегона рӯ меоранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани зайтун барои коҳиши холестерин муфид буда, бемории сактаи дилро пешгирӣ мекунад
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
САДА-САРОҒОЗИ СУННАТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Он қадимтарин ҷашни башарият аст
Чаро дар Тоҷикистон баргузории маъракаю маросим кам, вале ҳуқуқвайронкунӣ зиёд шудааст?
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамо дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба ормонҳои миллӣ
КИШОВАРЗОН АЗ БАРФ ЧӢ ГУНА ИСТИФОДА БАРАНД? Посухи коршинос ба ин савол манзур мегардад
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Ҷашни Сада бояд дар шаб баргузор шавад
ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Аз имзои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» 12 сол сипарӣ шуд