Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ баррасӣ шуд

Декабрь 29, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия дар ҷараёни иҷрои  Барномаи давлатӣ оид ба кумаки унвонии иҷтимоӣ» машварат баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед иброз намуд, ки пешгирии коррупсия дар маркази диққати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, барои решакан намудани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа давоми солҳои охир дар мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ мешаванд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби масъулин оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад, ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъсири минбаъдаи онҳо дар рушди мамлакат, муқовимат ба коррупсия, принсипҳои он, субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда, чораҳои пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарӣ барои амалҳои коррупсионӣ (интизомӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки барои иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи «Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2024» ва «Нақшаи амал вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2023-2024» тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор доранд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 29, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид