МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад

Декабрь 15, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 15.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани мавсими сардӣ ва тағйир ёфтани обу ҳаво бемориҳои шадиди роҳҳои нафас авҷ гирифта, теъдоди гирифторони он меафзояд. Аз ин бемориҳо ҳам калонсолон ва ҳам хурдсолон азият мекашанд. Вобаста ба роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин бемориҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба табиби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» Абдуқодир Авезов муроҷиат намуд.

Ба иттилои табиб, дар фасли зимистон, яъне дар ҳавои хунук аз бемориҳои мавсимии сироятӣ бештар бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас дида мешаванд. Ин бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гурӯҳи калони бемориҳоро якҷоя менамоянд, ки ҳамаи онҳо бо нишонаҳои заҳролудии бадан ва илтиҳоби роҳҳои нафас мегузаранд. Ба ин гуна бемориҳо зуком, парагрип, аденовирусҳо, риновирусҳо ва як намуди энтеровирусҳо дохил мешаванд. Дар ҷаҳон аз ҳама зиёдтар бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас дида мешаванд.

Сабабҳои гирифторӣ ба ин бемориҳо

Абдуқодир Авезов мегӯяд, ки ба ин гуна бемориҳо ҳар шахс метавонад дар як сол чанд маротиба гирифтор шавад. Ба он бештар кӯдакон дучор мешаванд. Манбаи сироят дар бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас шахси бемор мебошад. Зеро шахси бемор аз давраи нави гирифторӣ то шифоёбӣ метавонад барои шахсони солим сироятнок бошад. Баъди 5-7 рӯз миқдори вирусҳое, ки бо нафас мебароранд, камтар шуда, зарари бемор ба атрофиён камтар мегардад.

Мутахассис иброз дошт, ки гузариши ин беморӣ асосан ҳавоӣ-қатрагӣ мебошад, яъне дар вақти атса ё сулфа задан, суҳбат намудан ҳавои нафас ба атроф паҳн шуда, якчанд муддат дар ҳаво истода, барои шахсони дигар хатарнок мегардад.

Дар Тоҷикистон бештар кадом намуди бемориҳои роҳҳои нафас мушоҳида мешавад?

Табиб иброз дошт, ки дар муҳити Тоҷикистон аз ҳама бештар вируси зуком, яъне ларингатрахетҳо мушоҳида мешаванд, ки бештари одамон ба он гирифтор ҳастанд. Нишонаҳои асосии ин беморӣ гуногун аст. Аз ҷумла, дарди сар, дарди бадан, дарди буғумҳо, беҳолӣ, бемадорӣ, ҳарорати баланди бадан, беиштиҳоӣ ва дар кӯдакон дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, безобитагӣ, ҷорӣ шудани оби бинӣ, сулфазанӣ (хушку намнок), дар ҳолати вазнинии беморӣ дар кӯдакон хунравии бинӣ низ мушоҳида мешавад.

Бемории роҳҳои нафас ё зукомро чӣ гуна метавон табобат намуд?

Ҳамзамон табиб тавсия медиҳад, ки бо пайдо шудани нишонаҳои аввали беморӣ, махсусан дар кӯдакон бояд ҳар шахс ба табиби оилавӣ ё ин ки ба марказҳои саломатӣ муроҷиат намояд. Зеро дар ҳолати ҳарчӣ зудтар ба табиб муроҷиат намудан метавон хуруҷи бемориро кам намуд.

Агар беморӣ дар ин ё он нафар ба шакли сабук гузарад, метавонанд онро дар хона низ муолиҷа намоянд, ки ин ҳам танҳо бо тавсияи табиб бояд иҷро шавад.

Мутахассис огоҳ менамояд, ки вақтҳои охир бештари шаҳрвандон ҳангоми бемор шудан ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оризаҳои нохуш оварда мерасонад.

Ба худтабобаткунӣ машғул нашавед

Мутахассис пешниҳод менамояд, ки ҳангоми ба зуком мубтало шудан бояд, пеш аз ҳама, бо мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат намуд ва ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол намуд.

Ҳамзамон ӯ чунин мешуморад, ки имрӯз доруҳои гуногун бар зидди ин беморӣ зиёд шудаанду ҳар яки он интихоби фардӣ дорад.

«Агар як нафар бо ин навъи дору сиҳат шавад, ба нафари дигар он, баръакс, таъсири манфӣ мерасонад. Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои зуком дар се рӯз равшан мешаванд. Ҳангоми бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад. Бемор беҳтараш бистарӣ гашта, духтурро ба хона даъват намояд, то омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимоли паҳн шудани сироят аз байн бурда мешавад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Роҳҳои пешгирии бемории зуком кадомҳоянд?

Тавсияи пешгирикунанда аз зуком – ин, пеш аз ҳама, риояи реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард намуд. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намудан, истеъмоли хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш намуд. Қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне шустани даст, худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя намуд. Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.

Ҳамзамон табибон тавсия медиҳанд, ки барои баланд бардоштани иммунитет меваҳои тару тозаро бояд истеъмол намуд. Инчунин табибон истеъмоли каду, карам, сирпиёз ва асалро барои нигоҳ доштани қувваи муҳофизатии организм хеле манфиатнок мешуморанд. Онҳо хусусияти шифобахшии асалро махсус таъкид намуда, иброз медоранд, ки дар як рӯз истеъмоли ду қошуқи чойхӯрӣ асал кофӣ аст, ки инсон дар фасли сармо умуман мубталои бемориҳои сармохӯрдагӣ ва зуком нагардад. Аммо маҳлул намудани асал бо об ва ё чойи гарм тавсия дода намешавад. Чун ин амал хусусияти шифобахшии асалро аз байн мебарад. Инчунин нӯшидани чойҳои гиёҳӣ низ барои тақвият додани иммунитет нақши муҳим мебозад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 15, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии шаҳри Бохтар шинос шуд
Дар Душанбе озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад