МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд

Декабрь 22, 2024 14:50

ДУШАНБЕ, 22.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Марҷумак (гречка) зироати маъмул буда, растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ аст. Витаминҳо, микроэлементҳо, нахҳо, кислотаҳои равғании серғизо ва фосфолипидҳои дар таркиби марҷумак мавҷуда сатҳи холестеринро дар хун кам карда, фишори хунро ба танзим медароранд ва хатари сактаи дилро пешгирӣ мекунанд.

Ба тавсияи мутахассисон, истеъмоли марҷумак неруи мушакҳоро афзуда, ба рагҳои хунгард устуворӣ мебахшад ва ба раванди хунҳосилшавӣ таъсири мусбат мерасонад. Барои ин ҳам ин маҳсулотро барои табобати камхунӣ, лейкемия, атеросклероз, бемории ишемияи дил ва ғалаёни хун тавсия медиҳанд. Марҷумак барои нафарони фарбеҳ ва гирифтори диабети қанд таоми парҳезии хуб аст.

Ҳангоми мунтазам истеъмол намудани марҷумак сатҳи холестерин дар хун паст гардида, фаъолияти ғадуди зери меъда муътадил мешавад. Табибон инчунин иброз медоранд, ки истеъмоли ин навъи маҳсулот ба ҳолати равонӣ ва барои ба эътидол овардани хоби шахс мусоидат мекунад. Ин таъсир ба он вобаста аст, ки дар таркиби марҷумак як миқдор витаминҳои В, магний, марганетс ва аминокислотаи триптофан мавҷуд мебошанд. Он дар истеҳсоли табиии нейротрансмиттерҳои серотонин ва допамин иштирок мекунад ва дардро дар бадани инсон таскин мебахшад. Ин маҳсулот манбаи аълои магний мебошад, дар 100 грамм ғалладона 231 миграмм магний дорад, ки барои кори системаи асаб хеле муҳим аст.

Дар китоби «Канзи шифо» чойи гули марҷумакро (40 г дар 1 л об) давои балғамрон ва сулфаи хушк фармудаанд. Ба ҷои дардманди миён гузоштани марҷумаке, ки дар тафдон тасфонида шудааст, дардро таскин мебахшад. «Агар марҷумаки хомро хоида, ба болои пучак гузошта банданд, онро пазонда мекафонад. Бегоҳӣ ба истакон 3 қошуқ марҷумаки хомро андохта, аз болояш то нисф ҷурғот резед, субҳидам дар дили наҳор онро истеъмол карда, пас аз ду соат наҳорӣ кунед. Сипас 10 рӯзи дигар танаффус карда, табобатро давом диҳед-даври муолиҷа 10 рӯз аст ва онро се маротиба бояд такрор кард. Ин усули табобат барои одамони гирифтори диабети қанд хеле муфид аст»,-омадааст дар «Канзи шифо».

Табибон истеъмоли марҷумакро барои меъда хеле муфид мешуморанд. Кислотаҳои органикӣ дар якҷоягӣ бо магний ва флавоноидҳо ба беҳтар шудани ташаккул ва секретсияи сафро мусоидат намуда, ба истеҳсоли шираи ғадуди зери меъда мусоидат менамояд. Фосфолипидҳо ва аминокислотаҳои таркиби он ҷигарро муҳофизат мекунанд. Нахи ҳалшавандаи парҳезӣ кислотаҳои сафроро мепайвандад ва онҳоро аз бадан ба таври табиӣ хориҷ мекунад. Ба ин васила сатҳи холестеринро дар хун коҳиш медиҳад, ки дар пешгирии бемориҳои дилу рагҳо ниҳоят муҳим аст.

Ғаллаи марҷумак дорои миқдори зиёди маъданҳои фоиданок мебошад, ки ба мустаҳкам кардани системаи устухонҳо мусоидат менамояд. Инҳо калсий, фосфор, кремний, мис, сулфур ва руҳ мебошанд. Илова бар ин, баъзе моддаҳо, аз ҷумла каротиноидҳо, флавоноидҳо ва витамини Е таъсири барқароркунандагӣ доранд.

Мутахассисони соҳаи тиб марҷумакро давои хуб барои рафъи камхунӣ меҳисобанд. Дар таркиби 100 грамм марҷумак 6,7 грамм оҳан мавҷуд аст. Он аз витаминҳои В, рутин, марганетс, В12 бой аст, ки инҳо аз норасоии оҳан ва камхунӣ пешгирӣ мекунанд. Ҳамзамон хӯрдани ин навъи маҳсулот ба ҳолати пӯсти бадан, мӯй ва нохунҳо хеле манфиатовар аст. Витаминҳо, микроэлементҳо, рутин ба ҳосилшавии колаген дар организм мусоидат менамоянд.

Дар пиронсолӣ ба ҳолати дил ва рагҳои хунгард диққати махсус додан зарур аст. Компоненти рутин (витамини P) ҳамчун мустаҳкамкунандаи девори рагҳо амал мекунад, оҳан ба муътадил шудани сатҳи гемоглобин ва калий ба кори дил мусоидат менамояд. Инчунин назорат кардани сатҳи қанди хун ва холестерин низ хеле зарур аст. Истеъмоли мунтазами марҷумак ба нигоҳ доштани тавозуни хусусияти хун мусоидат мекунад.

Табибон ба шахсоне, ки гирифтори бемории музмини гурда ҳастанд, хӯрдани марҷумакро ба миқдори начандон зиёд на камтар аз 1-2 маротиба дар ҳафта тавсия медиҳанд. Ҳамзамон марҷумак ва орди он маҳсулоти зиддиҳассосият ҳисобида шуда, аксар вақт ба парҳези табобатӣ дохил мешаванд.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 22, 2024 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост