Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд

Декабрь 21, 2024 11:22

ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқоти хеле арзишманд роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва рушди ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар шакли монография ба итмом расид. Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» аввалин таҳқиқот дар ин соҳаи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ буда, дар нашриёти «Дониш»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз чоп баромад.

Монография барои олимон, муҳаққиқон, аспирантон, докторантони PhD, магистрон, донишҷӯён ва ҳама онҳое, ки ба масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мароқ зоҳир мекунанд, тавсия дода шудааст. Монография бо қарори Шурои илмии табъу нашри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст.

Вобаста ба нашри ин монография мусоҳибаи АМИТ «Ховар» бо роҳбари гурӯҳи муаллифон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Саидумар Раҷабов пешкаш мегардад.

АМИТ «Ховар»: Дар бораи сохтор ва мундариҷаи ин монография каме маълумот медодед.

Саидумар Раҷабов: Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» аз шаш қисм иборат мебошад. Қисми якуми он дар бораи масъалаҳои назариявӣ ва методологии пайдоиш ва рушди ҳуқуқи байналмилалӣ баҳс мекунад. Монография ба масъалаҳои назарияи пайдоиш, ба давраҳо тақсим кардан, хусусияти ташаккули таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун фанни мустақил ва омӯхтани таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар марҳилаи муосир ва дурнамои он равшанӣ меандозад.

Дар қисми дуюми монография пайдоиш ва рушди ақидаҳо ва одатҳои байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Аҳди қадим ҳамаҷониба баррасӣ шуда, ба масъалаҳои назариявии пайдоиши сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ–шартномаҳо ва одатҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои ҷавобгарӣ ва субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ, мақоми байналмилалӣ-ҳуқуқии хориҷиён ва қаламрав, таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва дохилӣ, ташаккули маъқулаҳои калидии ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Аҳди қадим равшанӣ андохта мешавад.

Қисми сеюми монография пайдоиш ва инкишофи институтҳо ва соҳаҳои асосии ҳуқуқи байналмилалиро дар асрҳои VI-XII ҳамаҷониба баррасӣ намудааст. Монография ба хусусияти рушди байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар давраи хилофати арабҳо, ташаккулёбии    институтҳои    (ниҳодҳои) асосии    ҳуқуқи байналмилалӣ  дар  минтақаи  Осиёи  Марказӣ — ҳуқуқи байналмилалии шартномаҳо, ҳуқуқи сафорат, ҳуқуқи байналмилалии тиҷорат, ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон дар давраи Сомониён ва рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар асарҳои муҳаққиқони машҳури асримиёнагӣ равшанӣ меандозад.

Қисми чоруми монография пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи байналмилалиро дар асрҳои XIII-XVI ҳамаҷониба баррасӣ намудааст. Монография ба хусусияти рушди муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар даврони муғулҳо ва темуриён дар минтақаи Осиёи Марказӣ — шартномаҳо ва одатҳои байналмилалӣ, қонунҳои муғулӣ (Ёсо) ва темурӣ (Тузукҳо), қаламрав ва сарҳадоти давлатҳо, ҳуқуқи робитаҳои беруна, ҳуқуқи байналмилалии тиҷорат, афкори байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар асарҳои ҳуқуқдонҳои машҳури асримиёнагӣ равшанӣ меандозад.

Қисми панҷуми монография пайдоиш ва рушди институтҳо ва соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар асрҳои 17-ибтидои асри 20-ро ҳамаҷониба баррасӣ намудааст. Монография ба сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ – шартномаҳои ба имзорасида байни субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ – аморати Бухоро, хонигариҳои Хева ва Қӯқанд ва мубаддал шудани онҳо ба протекторатҳои империяи Русия равшанӣ меандозад.

Қисми шашуми монография ба муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар давраи ташаккулёбӣ ва рушди давлатдории шуравии халқҳои Осиёи Марказӣ дар чоряки аввали асри ХХ  ва таъсиси давлатҳои ҷавони соҳибистиқлол дар охири асри ХХ, самтҳои асосии рушди комилҳуқуқии байналмилалии давлатҳои ҷавони соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ дар асри ХХI, муайян кардани таносуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ дар конститутсияҳои давлатҳои ҷавони соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ, рушди илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин давлатҳо ва аҳамияти таҳқиқи инкишофи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои давлатҳои ҷавони соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ равшанӣ меандозад.

АМИТ «Ховар»: Чаро омӯзиши таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаро аз Дунёи қадим зарур шуморидед?

Саидумар Раҷабов:  Мавҷудияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаҳои ғайриаврупоӣ ва дар марҳилаҳои таърихии пешин (то давраи антиқӣ) аз тарафи олимони аврупоӣ инкор карда мешуд. Дар вақтҳои охир дар илми ҳуқуқи байналмилалӣ дар бораи ба таври кофӣ таҳқиқ нашудани ин соҳаи назарияи ҳуқуқ зуд-зуд ибрози назар мешавад. Чунин вазъро ба худ гирифтани ин илм якчанд сабаб дорад. Аввалан, худи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун низоми ҳуқуқӣ нисбатан дертар, яъне дар вақтҳои охир эътироф гардид. Сониян, дар назарияи ҳуқуқ равандҳои муайяне ҳукмрон буданд (масалан, позитивизм ва нормативизми пурмуҳобот, европоcентризм, этатизм), ки намегузоштанд ба таври кофӣ моҳияти ин илм кушода гардад. Ҳини таҳқиқи таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ тамоюли субъективизм ошкор гардид, ки дар равиши европосентризм, аз ҳад баланд бардоштани нақши позитивизм, нормативизм ва этатизми ҳуқуқӣ пайдо шуд, ки ба рушди таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонд. Ин ва дигар проблемаҳо сабаби муддати дуру дароз таҳқиқ накардани таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи ҳуқуқ гардид ва ҳоло ҳам боиси набудани таҳқиқоти мустақил роҷеъ ба таърихи таълимоти байналмилалӣ-ҳуқуқӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин хусус академик Эдвард Ртвеладзе чунин изҳор намудааст: «Таърихи пайдоиш ва рушди дипломатияи давлатҳо ва мулкҳои Осиёи Марказӣ дар Аҳди қадим то ҳол ба таври кофӣ таҳқиқ нашудааст. Дар ин бобат на монографияҳои ҷамъбастӣ вуҷуд доранду на нашриёти ҷудогона роҷеъ ба ин проблемаи муҳимтарин». Дар натиҷа таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ як соҳаи аз ҳама кам таҳқиқшудаи ин ҳуқуқ боқӣ мемонад. Бештар муаллифон давраҳои миёна ё нави таърихи ин соҳаро аз асрҳои миёнаи аврупоӣ ва ё ҳатто аз асрҳои XIX ва XX шуруъ карда меомӯхтанд, вале хусусияти ташаккулёбии ин илм дар Аҳди қадим аз назари олимон дур мондааст.

Чунин вазъро дар омӯзиши пайдоиш ва ташаккулёбии ҳуқуқи байналмилалӣ дар мисоли мафҳуми римии “jus gentium” (ҳуқуқи халқҳо) мушоҳида кардан мумкин аст. Ин соҳаи ҳуқуқи римӣ муддатҳои дароз қабл аз ҳуқуқи байналмилалии классикӣ (аврупоӣ)  шуморида мешуд, чунки худи ҳуқуқи римӣ ва тамаддуни римӣ асоси ташаккули тамаддуни аврупоиро ташкил медоданд. Олимон ақида доштанд, ки дар давраи ташаккулёбии “jus gentium” давлатҳо алҳол вуҷуд доштанд. Ин назарияи этатикии ҳуқуқ буд ва чунин ақида вуҷуд дошт, ки “jus gentium” дар натиҷаи ҳуқуқэҷодкунии давлатҳо ташаккул ёфтааст. Вале муҳаққиқони “jus gentium” ин равишро зери танқид қарор доданд, масалан, академик Владимир Грабар ба омӯзиши амиқи таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ такя карда, ба чунин хулоса омад: «Пеш аз ҳама, аз ақидаи беасос, ки дар давраи қадим ҳуқуқи байналмилалӣ вуҷуд надошт, бояд даст кашид».

Ба ақидаи олими олмонӣ Г. Швартсенбергер, «манзараи ҳуқуқи байналмилалӣ дар муқоиса бо ҷомеаи байналмилалии замони  Хаттусилиси III ва Рамзеси II (асри ХIII пеш аз милод – шарҳи С.Р.) бисёр кам тағйир хӯрдааст…Калиди ин дар шабоҳати инфрасохтори сиёсии ҷомеаҳои байналмилалӣ нуҳуфта аст». Якчанд принсипҳо ва ниҳодҳои асосӣ, ки дар замони қадим (масалан, дар муносибатҳои  Миср, Мессопотамия, Ҳинд, Чин, Юнон) ба вуҷуд омаданд, имрӯз ҳам хоси низоми  ҳуқуқи байналмилалӣ мебошанд. Ин далели он аст, ки ҳуқуқи байналмилалӣ дорои хислатҳо ва қонунмандиҳои ба худ хос мебошад ва ба шарофати онҳо ин ҳуқуқ зинда аст ва онҳо на танҳо ба шабоҳати он дар ҳама минтақаҳо, балки ба муттасилии замонии он таъсир мегузоранд.

Барои намояндагони ин самт сухани О. Эйхелман хос аст, ки гуфта буд: «Мо ҳаёти байналмилалӣ-ҳуқуқии ба таври кофӣ пурмазмунро ҳанӯз дар Дунёи қадим мушоҳида мекунем…Дар ҳама ҷойҳое, ки ҳавзаи фарҳангӣ ташаккул ёфта буд — маъмулан мардумони ҳамтоифа бо низоми сиёсии мустақил (дар Ҳинд, Финикия, Юнон, Италияи қадим), ки бо якдигар вориди муносибатҳо мешуданд, – дар он ҷойҳо муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ҳам ташаккул меёфтанд».

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ мо мавҷудияти чунин ҳавзаи фарҳангиро ҳанӯз дар давраи энеолит (охири асри санг) ва асри биринҷӣ мушоҳида мекунем. Дар аҳди биринҷӣ қабилаҳои Осиёи Марказӣ ба дараҷаи хеле баланди тараққиёти маданияти моддӣ ва маънавӣ расида, дар байни тамаддуни халқҳои Шарқи Наздику Миёна ва Ҳиндустон, аз як тараф ва қабилаҳои соҳили Волга, Қазоқистон, Сибир ва Чин, аз тарафи дигар, ҳалқаи пайвандкунанда гардида буданд. Мавқеи ҷуғрофиявии Осиёи Марказӣ дар шаклгирӣ ва рушди меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ нақши муҳим бозид. Наздик будани ин минтақа сокинони онро бо робитаҳои тиҷоратии бевосита бо Ҳинду Чин ва ҳамчунин бо Шарқи Наздик пайваст мекард.

Бо вуҷуди ин, дар осори олимони Ғарб майли ошкоро кам карда нишон додани аҳамияти тамаддуни қадимии мардуми Осиёи Марказӣ ба назар мерасад.

Дар байни аввалин, муҳимтарин ва қадимтарин сарчашмаҳои ҳуқуқи  байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ метавон ба Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ишора намуд. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир кофист, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд».

Асосгузори сулолаи Ҳахоманишиҳо (солҳои 550-329 то мелод) Куруши Кабир (солҳои 550-530 то милод) дар таърихи 13 октябри соли 539 шаҳри Бобилро ба тасарруфи худ дароварда, 29 октябри ҳамон сол Эъломияи таърихии худро, ки аз он ҳамчун нахустин Маншури милал ва ҳуқуқи инсон ном бурда мешавад, содир намуд. Дар Эъломияи Куруши Кабир омадааст: «Бардадориро барандохтам ва фармон додам, ки мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ниёишгоҳҳои бастаро бикшоянд ва ҳеҷ кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад. Шаҳрҳои вайронро аз нав сохтам. Оворагонро ба ҷойгоҳи худ баргардондам ва ҳамаро ба ҳамбастагӣ фаро хондам, бишавад, ки дилҳо шод гардад…Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинеро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол нанамояд ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад».

Академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи муносибатҳои байналмилалии шоҳ Куруши Кабир чунин нуктаро иброз намудааст: «Дар замони Ҳахоманишиҳо барои тиҷорати байналхалқӣ  шароити мусоид фароҳам омада буд. Сайёҳон ва донишмандон метавонистанд ба мамлакатҳои тобеи давлати Ҳахоманишӣ сафар кунанд. Бисёр намояндагони маъруфи маданияти Юнони Қадим (Гекатей, Геродот, Демокрит ва д.) он вақтҳо ба мамлакатҳои машриқзамин  саёҳат намуда, ҳамватанони худро бо комёбиҳои мадании халқҳои Шарқ шиносониданд. Ҳамаи ин ба вусъати уфуқҳои маданияти тобеиёни давлати Ҳахоманишӣ боис гардида, ба инкишофи алоқаи байни намояндагони халқҳои гуногун мусоидат намуд».

Ҳамин ақидаро профессор Мансур Бобохонов низ таъкид кардааст: «Сарони империя, хусусан Куруши Кабир ва Дорои I давоми 200-300 сол кӯшиш кардаанд, ки вилоятҳои (сатрапҳои) империяро ба ҳам наздик сохта, робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ононро қавӣ намоянд. Дар ин муддат роҳҳои байни ноҳияҳо, барои обёрӣ наҳрҳо ва шаҳрҳои нав бунёд карданд… Ҳамаи ин ба нашъунамои маданияти аҷдодони тоҷикону эрониён шароит фароҳам овард. Ба шаҳрҳои ин империя аз Ҳиндустону Миср ва дигар мамлакатҳо намояндаҳо меомаданд».

Яке аз олимони ҳуқуқи байналмилалӣ Р.Тузмуҳамедов дар бораи пайдоиши меъёрҳо ва соҳаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар Осиё чунин менависад: «Шубҳае нест, ки аз қадим ва пеш аз ҳама, дар Осиё …, ҳамкории давлатҳо ҳамчун асоси объективии ташаккулёбии қоидаҳои рафтори қобили қабул барои доираи муайян ва маҳдуди давлатҳо дар соҳаҳои ҳаётан муҳим хизмат мекарданд. Ҳамин тавр, ҳазорсолаҳо пеш аз солшумории масеҳӣ ҳуқуқи сафорат, ҳуқуқи пешбурди ҷанг, ҳуқуқи баҳрнавардӣ, ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ пайдо шуданд ва ҳамаҷониба рушд намуданд.  Аввалин кӯшишҳои ҷиддӣ дар Ғарб барои муҳокима намудани ин соҳаҳо ҳамчун соҳаҳои мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ ба асрҳои XVI ва XVII рост меоянд. Дар Осиё ин санагузориро қариб ба ду ҳазор сол пештар нисбат додан мумкин аст. Масалан, чунин равишро дар асарҳои Каутиля дучор шудан мумкин аст».

Таҳлили ташаккулёбӣ ва ба вуҷуд омадани ҳуқуқи байналмилалӣ дар Дунёи қадим нишон медиҳад, ки он хеле барвақт пайдо шудааст, гарчанде ки баъзе муҳаққиқон санаи пайдоиши онро ба давраи асри миёнагии аврупоӣ нисбат медиҳанд. Бахусус, пешзамина, унсурҳои аввалияи меъёрҳо, принсипҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ мувофиқи талабот ва зарурати айнии субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар давраи пешаздавлатӣ ё тодавлатӣ ба вуҷуд омадаанд.

Пайдоиш ва рушди институтҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаҳои мухталифи он дар даврони қадим далели ногузирии пайдоиш ва амали самаранокии он дар дилхоҳ ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ин бори дигар беасосии ақидаҳо дар бораи баромади хосатан «аврупоӣ» доштани ҳуқуқи байналмилалӣ, нодурустии равишҳои идеологӣ-сиёсии аврупомеҳварӣ ва этатитизмро нисбат ба ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро нишон медиҳад, ки ба рушди илми он, бахусус таърихи он халал мерасонд. Дар ин ҷода мавзеъгирии олимон аз минтақаҳои мухталифи қитъаҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин қолабшикании муайян мебошад, зеро онҳо аз таассуботи аврупомеҳварӣ дур буда, ҳарчи бештар ба таҳқиқи сарчашмаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии минтақаҳои худ рӯ меоранд. Таърихи пайдоиш ва ташаккулёбии ҳуқуқи байналмилалӣ аз ногузирии таърихӣ ва универсалӣ будани он дарак медиҳад, яъне татбиқшаванда будани он ба ҳама ҳавзаҳои тамаддунӣ, ба шумули минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун хусусияти моҳиявии он мебошад.

Ҳанӯз дар ин давра меъёрҳо ва ниҳодҳои «заруртарин»-и ҳуқуқи байналмилалӣ, ки бе онҳо мавҷудияти ягон хел муносибати байналмилалӣ имконнопазир буд, ташаккул меёфтанд. Дар марҳилаҳои баъдӣ ин меъёрҳо аз тарафи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ расман эътироф пайдо мекарданд, ба низом медаромаданд ва шакли ниҳодҳоро ба худ мегирифтанд ва асосҳои танзими байналмилалӣ-ҳуқуқиро ташкил медоданд.

Хулосаи мо, муҳаққиқон ин аст: ҳуқуқи байналмилалӣ ҳуқуқи низоми иҷтимоӣ аст, ки маҳсули гузаштаи тамоми ҷомеаи инсонӣ мебошад. Ҳуқуқи байналмилалии муосир озод будан аз пойбанди равишҳои идеологӣ-сиёсии аврупомеҳварӣ, аз ҳад баланд бардоштани нақши позитивизм, нормативизм ва этатизми ҳуқуқӣ ва бозгашт ба таҳқиқоти сарчашмаҳои онро талаб менамояд. Далелҳои асосноке мавҷуданд, то ки мо исрор намоем: ҳуқуқи байналмилалӣ маъқулаест қадимӣ мисли муносибатҳои башарӣ (ба маънои иҷтимоӣ). Тибқи эроди дурусти профессор М. Тсиммерман, «халқҳо ва қабилаҳое вуҷуд надоранд, ки созмони оммавӣ-ҳуқуқӣ надошта бошанд, дар он дифференсиатсияи сиёсии ҳукмдорон ва зертобеон набошад ва дар он ногузир ҳуқуқ мавҷуд набошад, ки муносибати чунин ташкилаҳоро нисбат ба сохторҳои мушобеҳи он муайян насозад». Дар ин росто таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳам ҷавобгӯи принсипи ubi societas ibi jus (агар ҷомеа бошад, дар он ҳуқуқ ҳам бояд мавҷуд бошад — шарҳи С.Р.) мебошад. Ҳамин тавр, дар натиҷаи таъсири мутақобили ин халқҳо (мисриёни қадим, хеттҳо, халқҳои Шарқи Наздик, Чин, Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ ва ғайра) ҳуқуқи байналмилалӣ зуҳур ва ташаккул ёфт.

АМИТ «Ховар»: Таҳқиқот бояд ба сарчашмаҳо такя кунад. Кадом сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин таҳқиқот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд?

        Саидумар Раҷабов: Воқеан, аз сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию таҳқиқотӣ нишонаҳои ҳуқуқи байналмилалиро дар аҳди Зардушт, Куруши Кабир, давлатҳои Сосониёну Сомониён ва дигар давлатҳои тоҷикнишин пайдо намудан мумкин аст, ки ин таҳқиқоти махсуси илмиро талаб менамояд.

Дар натиҷаи таҳқиқоти сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Аҳди қадим муайян гардид, ки одатҳо ва шартномаҳо муносибатҳои байниавлодӣ, байниқабилавӣ ва байнидавлатиро ба танзим медароварданд. Одатҳо ҳамеша дар шакли шифоҳӣ, шартномаҳо аввалан дар шакли шифоҳӣ ва баъд аз пайдоиши хат ба шакли хаттӣ баста мешуданд. Бойгонии дипломатии Тел-эл-Амарна, ки ҳовии мукотибаи ҳокимони минтақаҳои қадимаи Шарқи Наздик ва Осиёи Хурд мебошанд  ва онро метавон шартномаҳои байналмилалӣ ҳисоб кард, сарчашмаҳои аслии танзими қадимии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва маводи дорои аҳамияти аввалиндараҷа барои омӯзиши равандҳои ташаккулёбии ҳуқуқи байналмилалӣ мебошанд. Дар натиҷа ба илми ҳуқуқи байналмилалӣ як миқдор асноди байналмилалӣ-ҳуқуқии қадима (шартномаҳои шаҳрҳои месопотамии Лагаш ва Умма (соли 3100 пеш аз милод), шартномаи фиръавн Рамзеси II ва шоҳи хеттҳо Хаттусилиси III (соли 1276 пеш аз милод) ва баъзе дигарон ворид шуданд.

Дар пайдоиш ва ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ниҳодҳои тиҷорати байниқабилавӣ, мубодилаи туҳфаҳо, издивоҷи (никоҳҳои) сулолавӣ ва ғайраро пайгирӣ намудан мумкин аст. Аммо ҳанӯз дар ин марҳила олимон ба пайдоиши шаклҳои зерини ибтидоии мубодила ишора мекунанд: «1) туҳфаҳо (амали ҳуқуқии якҷониба, ғолибан кӯтоҳмуддат); 2) мубодила (созишномаҳои дуҷониба): а) туҳфаҳои тиҷоратӣ (туҳфаҳои мутақобила); б) тиҷорати маъмурӣ; в) тиҷорат барои таъйин кардани нарх; 3) тақсимот: а) тақсимот аз рӯи розигии мутақобила; б) тақсимот мутобиқи иродаи пешвои гурӯҳи маҳаллӣ; 4) андозбандӣ, мусодира ва ғайра»

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ  одати шифоҳии бастани созишномаи сулҳ (қолаби «Сулҳ ба Шумо» ё ин ки «Бо сулҳ бирав») вуҷуд дошт. Дар китоби Авасто (бахши «Вандидод») шаш намуди паймон (чӣ шифоҳӣ ва чӣ хаттӣ) иброз гардидааст. Эъломияи Куруши Кабир дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб  ёфта буд. Дар ибтидо шакли «яккамеъёр» (мононорма, яъне меъёрҳои ягонаи одатӣ, ахлоқӣ, динӣ) мавҷуд буда, пасон меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ онҳоро дар худ ҳазм намуда, ба худ шакли муосир гирифтанд.

Танзими байналмилалӣ-ҳуқуқии  вазъи хориҷиён  дар ин давр дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дошт, яъне ташаккулёбии  меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки ба ҳимояи  ҳуқуқи хориҷиён  равона шуда буданд, ба итмом  нарасида  буд ва дар амалия  ҳуқуқи хориҷиён  ба мафҳуми «lex hostis» (ҳуқуқи меҳмоннавозӣ – шарҳи С.Р.)  амал мекард. Хориҷиён ҳамчун меҳмонон таҳти  парастор ва ҳимояи   шахси даъваткунанда дар сатҳи хусусӣ-ҳуқуқӣ қарор доштанд ва марҳила ба марҳила меҳмоннавозии хусусӣ ба меҳмоннавозии  давлатӣ табдил ёфт. Дар натиҷа давлат дар танзими  вазъи ҳуқуқии хориҷиён  аз  меъёрҳои  одатӣ ва шартномаҳои байналмилалӣ кор  мегирифт.

Масъалаҳои марзӣ дар Аҳди қадим бо сиёсати ҳарбии давлат алоқаманд буданд: аз як тараф ҳамчун сабаби хусусии низоъҳои ҳарбӣ, аз тарафи дигар, ҳамчун яке аз унсурҳои танзими онҳо. Низоъҳои ҳарбӣ байни давлатҳои ин давра вобаста ба тасарруфи заминҳо ва назорат аз болои роҳҳои тиҷоратӣ ба миён меомаданд.

Ниҳоди ҷавобгарии байналмилалӣ дар Аҳди қадим функсияҳои дифоӣ, ҷаримавӣ, ҷазодиҳӣ, азнавбарқароркунии ҳуқуқҳои вайроншуда ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳоро дошт ва ба муқаррар ва кафолат додани принсипи  pacta sunt servanda(шартномаҳо бояд риоя шаванд – шарҳи С.Р.), риояи дуруст ва софдилонаи  уҳдадориҳои байналмилалӣ нигаронида шуда буд.

Омӯзиши манбаъҳои хаттии таърихи асрҳои миёнаи халқҳои Осиёи Марказӣ нишон дод, ки меъёрҳои одатӣ ва шартномавии ҳуқуқи байналмилалӣ дар Суғду Бохтар, Хуросону Мовароуннаҳр дар назария ва амалияи давлатҳои ин минтақа васеъ истифода мешуданд. Шартномаи Самарқанд (с.712) байни ишхиди Суғд Ғуррак ва сарфармондеҳи қувваҳои ишғолгари Хилофати Умавӣ Қутайба ибни Муслим истифодаи амалӣ аз меъёрҳои ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалиро тасдиқ менамояд.

Робитаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён дар Мовароуннаҳр ва Хуросон аз он дарак медиҳанд, ки Тоҳир ибни Ҳусайн ва Абдуллоҳ ибни Тоҳир ба масъалаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ медоданд ва «Насиҳатнома»-и  онҳо ҳамчун манбаи хосаи ҳуқуқ, саршор аз асосҳои қонунгузории давлатӣ, ҳуқуқи андоз  ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ барои давлатҳои Тоҳириён ва Саффориён  хизмат кардааст.

АМИТ «Ховар»: Нақши мутафаккирони минтақаи Осиёи Марказӣ дар рушди одатҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ чӣ гуна аст?

Саидумар Раҷабов: Ақидаҳои ҳуқуқии халқҳои Осиёи Марказӣ давоми асрҳои миёна рушду инкишоф меёфт ва мутафаккирони ин минтақа дар рушди одатҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ саҳми хеле муҳим ва назаррас гузоштанд, ки асарҳои онон роҷеъ ба масоили байналмилалӣ-ҳуқуқӣ аз он дарак медиҳанд. Абуалӣ ибни Сино дар «Рисолаи аҳд» ва «Андар ахлоқ» унсурҳои ҳуқуқи байналмилалии одатӣ ва ҳуқуқи байналмилалии шартномаҳоро ба исбот расонидааст. Ш.М.Муборакшоҳ дар «Одоб ул-ҳарб ва шуҷоат» дар бораи меъёрҳои одатии хуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ, принсипи инсондӯстӣ дар замони ҷанг, ҳифзи қурбониёни ҷанг — маҷруҳон, беморон, асирони ҷангӣ ва аҳолии мулкӣ дар замони ҷанг, барҳам додани вайронкунии қоидаҳои ҷанг ақидаҳои муфидро пешниҳод кардааст. Бисёре аз қоидаҳои ҷанг, ки ҳангоми низои мусаллаҳона дар давраи Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён мавриди истифода қарор мегирифтанд, ифодаи одатҳои байналмилалии инсондӯстӣ буданд, ки дар замони муосир кодификатсия шудаанд.

Дар дарки равандҳои таърихии ташаккул ва рушди ҳуқуқи байналмилалӣ сарчашмаҳои аутентии танзими антиқии байналмилалӣ-ҳуқуқӣ аҳамияти боарзиш доранд. Масалан, аз нимаи дуюми асри XIX шуруъ карда, олимони ҷаҳон аз баракати ковишҳои археологӣ ба бойгониҳои дипломатии Мисри қадим, Мари, Угарита, давлати Хеттҳо  ва дигарон дастрасӣ пайдо карданд.

Вале ин пойгоҳи аснодӣ ба сатҳи таҳқиқоти ҳуқуқи байналмилалии давраи қадим таъсири амалӣ нарасонд. Аввалан, бо омӯзиши таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳуқуқдонҳои позитивист машғул буданд, ки  дар ин сарчашмаҳои қадимаи ҳуқуқӣ шакли позитивиро намедиданд ва асосан ҳуқуқи амалкунандаро таҳқиқ менамуданд,  ҳуқуқи  дар давраи қадим мавҷудбуда, «таърихӣ» ё ҳуқуқи қадимаро ба назар намегирифтанд. Сониян, бисёр дер пайдо кардани ин сарчашмаҳо боиси он шуд, ки онҳоро асосан на намояндагони соҳаҳои ҳуқуқ, балки таърихдонон, археологҳо, этнографҳо, антропологҳо, ки таҳлили ҳуқуқӣ карда наметавонистанд, ба истифодаи илмӣ дохил намуданд.

Афкори байналмилалӣ-ҳуқуқии мутафаккирони Осиёи Марказӣ дар асрҳои XIII-XVI дар асарҳои Саъдии Шерозӣ (1213-1293), Насриддин Абӯ Ҷаъфар Муҳаммад ибн Муҳаммад Тӯсӣ (1201-1274), Алоуддин Ҷувайнӣ (1226-1283), Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдун ал-Хоразмӣ ал-Моликӣ (1332-1406), Ҳофизи Абрӯ (вафоташ соли 1430), Ғиёсиддин Алӣ (1380-1429), Шарофиддин Алӣ Яздӣ (вафоташ соли 1454), Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) ифода ёфтаанд. Чунин асарҳо сирф хислати ҳуқуқӣ надошта, масъалаҳои гуногуни фалсафӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, биологӣ, ҷуғрофӣ, ҳуқуқӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Аммо дар ин асарҳо идеяҳое пешниҳод гардиданд, ки ба рушди минбаъдаи ҳуқуқи байналмилалӣ асос гузоштанд, ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ ба дараҷае тараққӣ карда буд, ки барои мамлакатҳои аврупоӣ ҳамчун намуна хизмат мекард.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ақоиди байналмилалӣ-ҳуқуқии олимони барҷастаи Осиёи Марказӣ, ба мисли Хоҷа Самандари Тирмизӣ (асри XVII) ва Аҳмади Дониш (асри XIX) ба рушди ҳуқуқи робитаҳои беруна таъсири назаррас расонидаанд. Бахусус, талабот нисбат ба шахсияти сафир дар «Дастур-ул-мулук»-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ ва «Сафар аз Бухоро ба Петербург»-и Аҳмади Дониш  дар тарбия ва ҷобаҷогузории сафирон то имрӯз аҳамияти назариявӣ ва амалии хешро гум накардаанд.

АМИТ «Ховар»: Аҳамияти омӯзиши таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақа аз чӣ иборат аст?

Саидумар Раҷабов: Омӯзиши таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ имконият фароҳам меорад, то мо дар роҳи худшиносии миллӣ қадамҳои устувор гузошта, аз мавҷудияти он дар сарзамини тоҷикон далелҳои бештар ва амиқ оварем ва бад-ин васила дар таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ мавқеи устуворро дар радифи кишварҳое, чун Миср, Юнон, Рим, Чин ва Ҳинд дошта бошем. Ҳамзамон омӯзиши он имконият фароҳам меоварад, то як гӯшаи нопурраи таърихи ҳуқуқи миллии тоҷик пур гардида, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ саҳм бигузорад.

Омӯзиш ва таҳқиқи сарчашмаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар давраҳои империяи Ҳахоманишиён, Искандари Мақдунӣ, Сосониён, Хилофати Араб, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Муғулҳо, Темуриён, Шайбониён, Бобуриён, империяи Русия ва давлати абарқудрати Шуравӣ  холигиҳоеро, ки дар ин мавридҳо вуҷуд дошт, пурра мекунад ва ба рушди ҳувияти миллии халқи тоҷик бевосита таъсир мерасонад ва метавонад омили муҳим дар таълиму тарбияи мутахассисони баландпояи Тоҷикистони соҳибистиқлол  гардад.

Новобаста аз таъсири европосентризм, этатизм ва позитивизми барзиёд дар равиш ба ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳар давру замон олимону мутафаккирон кӯшиш мекарданд, ки таърихи ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалии мамлакати худро омӯзанд, аз таҷрибаи дар гузашта ҷойдошта самаранок истифода баранд, аз ин рӯ омӯзиши таърихи ҳуқуқи байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ аз аҳамият холӣ нест. Меъёрҳои одатӣ ва шартномавии дар Осиёи Марказӣ ҷойдоштаро муайян намуда, мумкин аст, ки муқаррароти онҳоро дар шартномаҳои муосири байналмилалӣ истифода барем ва бо ин роҳ ба ҳамкории байналмилалӣ тақвият бахшем.

Ба таҳлили ташаккул ва пайдоиши ниҳодҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии даврони қадим дар Осиёи Марказӣ такя намуда, мо мавҷудияти континуитет (давомнокӣ), анъанаҳо ва одатҳоро дар рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва назарияи он давоми  таърих мушоҳида мекунем.

Дар замони муосир рӯ овардан ба таърихи пайдоиш ва инкишофи ҳуқуқи байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, то ҷиҳатҳои мусбати он мавриди коркард қарор гирифта, дар густариши муносибатҳои ҳуқуқи байналмилалии муосир саҳми арзишманд гузорад. Омӯзиш ва баҳра бардоштан аз гузаштаи таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти пешомада саҳм мегузорад.

Омӯзиш ва таҳқиқи сарчашмаҳои қадимаи ҳуқуқи байналмилалии халқи тоҷик ва мутобиқ кардани меъёрҳои онҳо дар фаъолияти ҳамарӯзаи вазоратҳо ва ниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳувияти миллии халқи тоҷик бевосита таъсир мерасонад ва метавонад омили муҳим дар рушди ҳувияти миллӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, тавоноӣ ва истиқлолияти мамлакат гардад.

АМИТ «Ховар»: Дар таҳқиқи ин асари арзишманд киҳо саҳм гузоштаанд?

Саидумар Раҷабов: Монография аз ҷониби ходимони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳайати зерин таълиф шудааст: С.Раҷабов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъба (роҳбари гурӯҳ); ходимони калони илмии шуъба М.Раҷабов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ф.Идизода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ; Ф.Раҷабов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ; Ф.Ҷабборов, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ; Д.Назарзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Н. Маҳмадуллозода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

Ба ин монография олимони зерин муқарриз буданд: М.Раҳимзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Э.Бӯризода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, А.Мирзоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, М.Ҳамидова, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба ҳамаи онҳо изҳори ташаккур менамоям, ки вақти пурқимати худро дареғ надошта, ба ин монография баҳои объективона доданд. Ҳамчунин ба роҳбарияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Н.Маҳмадизода ва ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода барои мусоидат дар нашри ин монографияи арзишманд изҳори сипос менамоям.

АКС: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 21, 2024 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин