Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аккредитатсия гузаронида шуданд

Декабрь 19, 2024 17:50

ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти академия Қобилҷон Хушвахтзода бо коршиносони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг пас аз таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии академия баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар мулоқот намояндагони агентӣ  натиҷаи таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд.

Таъкид гардид, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки омода намудани кадрҳои илмиро тавассути барномаҳои таҳсилотӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD амалӣ менамояд, дар таҷрибаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг камназир аст. Он ба кормандони илмии Академияи миллии илмҳо имконият медиҳад, ки дар оянда ба ҳайси коршинос дар аккредитатсияи муассисаҳои ҷумҳурӣ ва минтақа иштирок карда, ба фаъолияти илмии онҳо баҳо гузоранд.

Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки аккредитатсия роҳи хатмкунандагону унвонҷӯёни муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба хориҷи ҷумҳурӣ кушода, дар қабули муҳаққиқони хориҷӣ ба ҳайси магистрант, докторант, аспирант ва унвонҷӯ дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо қадами устувор аст. Дипломҳои хатм ва дараҷаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар давлатҳои эътирофнамудаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ба расмият шинохтаю эътироф мешаванд, ки ин навгонӣ ва дастоварди хеле муҳим дар самти муаррифии илми ватанӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз 17 то 19 декабр аъзои Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарор доштанд. Агентӣ яке аз ташкилоти байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсил бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои илмӣ мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 19, 2024 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд