Муносибатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мухталиф густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар шаҳри Исломобод мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф бо Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Далер Ҷумъа баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо аҳамияти густариши бештари муносибатҳоро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика ва маориф таъкид намуданд.
Зимнан, зарурати татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошад, муҳим арзёбӣ гардид.
Шаҳбоз Шариф аз пешрафтҳо дар ҳамкории дуҷонибаи ҷумҳуриҳо дар бахшҳои гуногун дар доираи Комиссияи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуд.
Сарвазири Покистон аз ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳои баимзорасида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки татбиқи саривақтии ин санадҳо ба таҳкими бештари равобити дуҷониба мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ дар ҳошияи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор шуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






