Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд шинос шуд

Декабрь 9, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 09.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги шаҳри Хуҷанд шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни шиносоӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 28, 12 ва Гимназияи №4 маълум гардид, ки зимистонгузаронӣ дар ҳолати хуб буда, ҳама биноҳо ба тариқи шабакаҳои гармидиҳии марказонида бо гази табиӣ, ангиштсанг ва ҳезум гарм карда мешаванд.

Барои гузаронидани зимистони солҳои 2024- 2025 дар муассисаҳои таълимии вилоят 16 ҳазору 911 тонна ангишт, 8 ҳазору 185,9 метри мукааб ҳезум ва 6 тоннаю 345 литр сӯзишвории нафтӣ захира шудааст.

Дар беморхона, таваллудхонаи вилоятӣ ва беморхонаи №1-и шаҳри Хуҷанд зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят соли равон 598 тонна ангишт, 171 метри кубӣ ҳезум ва 739 литр сӯзишвории дизелӣ барои кори генераторҳо захира карда шудааст. Ҳоло дар ин муассисаҳо 192 генератори барқӣ, 154 дегхона, 2052 печкаи барқӣ ва 1431 печи аловӣ самаранок истифода мешаванд.

Муовини Сарвазири мамлакат бо қабулгоҳ, шуъбаи эҳё ва толори зоишгоҳи таваллудхонаи вилоятӣ ба номи Ӯғулой Шамсиддинова, ҳуҷраҳои ташхиси муоинаи томографии магниторезонансӣ, рентгени рақамӣ ва фаросавтӣ, ошхона ва анборхонаи Беморхонаи клиникавии вилоятӣ, ҳуҷраҳои табобатии беморхонаи шаҳрии рақами 1 шинос шуд. Масъулини соҳа вазифадор шуданд, ки фаъолияти дастҷамъонаро тақвият бахшида, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳарчи хубтар фароҳам овардани шароити мусоид барои табобати мизоҷон имконоти мавҷударо самаранок истифода баранд.

Дар Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни машғулият шинос шуд. Маълум гардид, ки дар муассиса ба 556 нафар хонанда 67 омӯзгор дарс мегузарад. Ҳавои ҳуҷраҳои дарсӣ ба гузаронидани машғулият мутобиқ буда, дар муассиса барои зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Декабрь 9, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид