НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ

Декабрь 26, 2024 10:31

ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҷрибаи ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ даъват намудани намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ бо мақсади мушоҳидаи раванди интихобот давоми  солҳои соҳибистиқлолӣ пайдо гардид. Котиби Комиссияи марказии  интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Самадзода ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  раванди муҳимми сиёсӣ ба шумор рафта, таъминкунандаи ҳуқуқҳои конститутсионии интихоботии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.  Вобаста ба ин таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин раванд зиёд мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият ҳамчун давлати мустақил ва аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо давлатҳои хориҷӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, аъзо ва иштирокчии бисёр созмон ва ташкилоти байналмилалӣ мебошад.

Даъват намудан ё даъват накардани намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ барои мушоҳидаи раванди интихобот ҳуқуқи давлати қабулкунанда мебошад.

Тартиби даъват, мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим дароварда шудааст.

Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро эътироф намудааст, ки масъалаҳои иштироки мушоҳидони байналмилалиро дар раванди маъракаҳои муҳимми сиёсӣ– интихобот ва раъйпурсиҳо ба танзим даровардаанд.

Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ барои мушоҳидаи раванди интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашри расмии қарор дар бораи таъйини рӯзи интихобот даъват карда мешаванд. Чунин ваколатро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ҳангоми доштани даъватнома дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия карда мешаванд. Ҳангоми акрредитатсияи мушоҳиди байналмилалӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ шаҳодатномаи намунаи муқарраргардида медиҳад. Шаҳодатнома ба мушоҳиди байналмилалӣ ҳуқуқ медиҳад, ки дар давраи омодагӣ ва гузаронидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидаро амалӣ намояд.

Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъди аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, баъди эълон гардидани натиҷаи пешакии интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад.

Мувофиқи Қонуни конститутсионӣ мушоҳидони  байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Мушоҳидони  байналмилалӣ фаъолияти худро дар доираи ҳуқуқи уҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ озодона анҷом медиҳанд.

Мувофиқи Қонуни конститутсионӣ мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ доранд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳоеро, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас кунанд, бо ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида, ки дар интихобот иштирок доранд, вохӯрии расмӣ намоянд, дар участкаи интихоботӣ ва бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла дар рӯзи овоздиҳӣ ҳузур дошта бошанд, ҷараёни овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳо ва муайян намудани натиҷаи онҳоро дар шароите, ки мушоҳидаи ҳисоби бюллетенҳо имкон медиҳад, мушоҳида намоянд, ба намояндагони комиссияҳои интихобот бе дахолат ба кори онҳо оид ба мушоҳидаҳои худашон иттилоъ диҳанд, баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагирӣ ва гузарондани интихобот ошкоро изҳор намоянд, хулосаи худро оид ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кунанд.

Дар баробари ҳуқуқҳои додашуда Қонуни конститутсионӣ мушоҳиди байналмилалиро уҳдадор намудааст, ки Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалиро риоя намоянд, бо худ дар бораи аккредитатсия ба сифати мушоҳиди байналмилалӣ шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ дошта бошанд ва онро бо талаби комиссияи интихобот нишон диҳанд, вазифаҳои худро дар асоси принсипҳои бетарафии сиёсӣ, беғаразӣ, худдорӣ аз изҳори ҳама гуна афзалият, баҳодиҳӣ ба комиссияҳои интихоботӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар мақомот, шахсони мансабдор ва дигар иштирокчиёни ҷараёни интихобот анҷом диҳанд, ба ҷараёни интихобот дахолат накунанд ва хулосаҳои худро дар асоси мушоҳида ва маводи воқеӣ таҳия намоянд.

Ҳамзамон бо ин уҳдадориҳо мушоҳидони байналмилалӣ ҳуқуқ надоранд ҳангоме, ки интихобкунанда дар бюллетенҳои интихобот қайдҳои худро мегузорад, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд, ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти тарғиботиро паҳн намоянд, нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилӣ ё тартиби гузаронидани интихобот афзалият баён намоянд, аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд, дар хулосаи худ аз ҳолатҳое, ки бо ҳуҷҷатҳо асоснок нагардидаанд ва қобили тафтиш нестанд, истифода баранд ва мақоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушоҳидаи ҷараёни интихобот вобаста нест, истифода баранд.

Бо Қонуни конститутсионӣ муқаррар гардидааст, ки ҳангоми аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ вайрон намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи мушоҳидони байналмилалиро бекор менамояд.

Мушоҳидаи байналмилалӣ ба табодули таҷриба, шинос гардидан бо тартиби ташкил ва гузаронидани интихобот, шинос шудан бо таҷрибаи пешқадами ташкил ва гузаронидани маъракаҳои муҳимми сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектони раванди интихобот, шиносонидани намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ бо фарҳанг, урфу одат, меҳмондории тоҷикон, маданияти баланди давлатдорӣ ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 26, 2024 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
Пагоҳ Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
Анҷумани XI Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон як зумра лоиҳаи қонунҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор шуд
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
28 декабр ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегар­дад
Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мегардад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025.Тартибҳои пешбарӣ ва иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ тасдиқ шуданд