Оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат ҳамоиши илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақши он дар таҳкими ваҳдату якпорчагии миллат» конфронси илмӣ- амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар медиҳад.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Ораз Муртазозода доир ба сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири рушди бомароми мамлакат иттилоъ дод. Иброз гардид, ки ҷавҳари асосии барномаю ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ормонҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии мамлакат дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон ташкил медиҳад.
Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода гуфт, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба унвони мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф шудааст. Инчунин тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули рисолати сарнавиштсози Роҳбари сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд».
Таъкид гардид, ки маҳз Раиси ҳизб- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар ҳама шароит дар паҳлуи мардум бошанд ва афзалияти умумимиллиро дар фаъолияти гуногунсамти худ амалӣ намоянд. Ин маҳбубият дар байни мардум эҳтироми беандозаро нисбат ба Пешвои миллат ба вуҷуд овардааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






