Ғолибони озмуни «Беҳтарин мухлиси соли 2024 дар Тоҷикистон» муайян шуданд

Декабрь 9, 2024 08:53

ДУШАНБЕ, 09.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаи озмуни «Мухлиси беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон»-ро ҷамъбаст карда, ғолибон ва мухлисони фаъоли солро қадрдонӣ намуд. Маблағи умумии ҷоизаҳои озмун 100 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Озмун байни дӯстдорони футбол тибқи протоколи вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо аҳли ҷомеаи футболи мамлакат, ки моҳи ноябри соли 2023 доир гардида буд, баргузор шуд.

7 декабр дар шаҳри Душанбе озмун ҷамъбаст гардид, ки дар он мухлисони дастаҳо, инчунин ҳаводорони футбол аз рӯйи категорияҳои инфиродӣ ва махсус мукофотонида шуданд.

Ғолиб дар бахши фаъолтарин мухлиси сол дастаи мухлисони «Истаравшан» гардид. Ба онҳо 30 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ дода шуд. Ҷойи дуюм насиби мухлисони тими «Равшан»-и Кӯлоб гардид. Ба онҳо 25 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд. Ҷойи сеюмро мухлисони бошгоҳи «Хуҷанд» ишғол намуданд, ки онҳо 15 ҳазор сомониро соҳиб шуданд.

Дастаи мухлисони «Ҳулбук» ҷоизаи махсуси Лигаи футболи Тоҷикистонро гирифт. Мухлисони тими Восеъ бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Илова бар ин Лигаи футболи Тоҷикистон ба мухлисони дастаҳои «Истиқлол», «Вахш», «Эсхата», «Регар-ТадАЗ», «Ҳосилот» ва «Саройкамар», ки дар озмун фаъолона иштирок намуданд, ҷоизаҳои инфиродӣ тақдим намуд.

Мухлисони фаъоле, ки имсол дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳҳои мамлакатро дар мусобиқоти байналмилалӣ дастгирӣ карданд, низ соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 9, 2024 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид