Ғолибони якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» ҳавасманд гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон якумин «Ҷоизасупории миллӣ дар самти тиҷорати рақамӣ (e-commerce)» баргузор шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур ба ғолибони номинатсияҳои «Беҳтарин хизматрасонии давлатӣ», «Беҳтарин стартапи ватанӣ», «Беҳтарин мағозаи интернетӣ», «Беҳтарин платформаи электронӣ (маркетплейс)», «Беҳтарин IT-ширкат-таҳиягар», «Беҳтарин лоиҳаи «Fintech»», ҷоизаи махсус «Занон дар тиҷорати электронӣ» ва «Беҳтарин соҳибкори ҷавон дар соҳаи IT» ҷоизаҳо супорида шуданд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин стартапи ватанӣ» ҷойи якум ба «iCoupon»-и ширкати Babylon-Mobile, ҷойи дуюм ба Лоиҳаи «Доруи ман» ва ҷойи сеюм ба ширкати «PayHub» сазовор дониста шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин мағозаи онлайн» ҷойи якумро Мағозаи «Пайкар», ҷойи дуюмро «HOSIL.TJ» ва ҷойи сеюмро Тиҷорати электронӣ (ширкати Babylon-Mobile) соҳиб гаштанд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин платформаи электронӣ» «Алиф-мағоза», «Бозори аввал» ва «Майдони савдои ОББО» ғолиб гардиданд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин IT-ширкат-таҳиягар» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алиф Технология» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «IT Service» ва «Навбат» қадрдонӣ шуданд.
Дар ҷоизаи махсус «Занон дар тиҷорати электронӣ» ҷойи якум ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мавсим ва К», ҷойи дуюм ба Мактаби барномасозии «ITRUN» ва ҷойи сеюм ба Маҳина Ниёзова аз ширкати «Вавилон-М» насиб гардид.
Дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкори ҷавон дар соҳаи IT» ҷойи якум ба «Yalla», ҷойи дуюм ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рашод» (somon.tj) ва ҷойи сеюм ба WYZO сазовор дониста шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин лоиҳаи fintech» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Алиф», «Бонк Арванд» ва «ТТ Мобайл» ғолибиятро ба даст оварданд.
Ҷоизаҳои миллии тиҷорати электронӣ дар оянда ба як платформаи табодули таҷриба, дастовардҳои беҳтарини соҳа табдил меёбад
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






