«Олимпиада»-ҳои тиҷоратӣ. Дар интихоби онҳо эҳтиёткор бошед!

Декабрь 3, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ба диққати тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон мерасонад, ки ҳангоми интихоби олимпиадаҳо танҳо он олимпиадаеро интихоб намоянд, ки барои иштирок дар онҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода бошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Зеро бо истифода аз нуфузи олимпиадаҳои байналмилалӣ якчанд ташкилоти тиҷоратӣ ва сайёҳӣ «олимпиада»-ҳоеро тарғиб мекунанд, ки ҳадафи асосии онҳо танҳо тавсеаи тиҷорати худ мебошад. Чунин «олимпиада»-ҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф нагардида, барои ғолибони онҳо ягон намуд имтиёз пешбинӣ нашудааст. Аз ин лиҳоз, чунин чорабиниҳои сатҳи пасти ташкиливу илмӣ  «олимпиада» ва ғолибият дар онҳо «дастовард» ба ҳисоб намеравад.

Аз ин рӯ хонандагон даъват карда мешаванд, ки ҳангоми интихоби олимпиада эҳтиёткор бошанд. Пеш аз иштирок боварӣ ҳосил намоянд, ки кумитаҳои тадорукоти ин чорабиниҳо аз аккредитатсия гузашта, эътибори байналмилалӣ доранд ё не? Инчунин дақиқ намоянд, ки олимпиадаҳои баргузорнамудаи онҳо воқеан ба стандартҳои байналмилалӣ ва барномаҳои таълимии мамлакати мо мувофиқат мекунанд ё не?

Бояд таъкид намуд, ки баъзе аз ин олимпиадаҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, имкони воқеии нишон додани донишу малака ва гирифтани имтиёзҳо барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро фароҳам овардаанд. Иштирок дар онҳо ҳамчун дастоварди илмӣ шинохта ва қадр карда мешавад. Ҳамзамон барои иштирок дар ин гуна олимпиадаҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 3, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад