ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар ноҳияи Деваштич 190 ҳазор тонна картошка захира гардидааст

Декабрь 8, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 08.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич соли равон 261 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардид. Аз ин шумора дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 190 ҳазор тонна картошка захира шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иброз гардид, ки танҳо дар анбори хоҷагии деҳқонии «Аҳмадбой»-и ноҳия 100 тонна картошка захира карда шудааст.

Маҳсулоти захирагардидаи ноҳия ҳамарӯза ба бозорҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ирсол мегардад.

Соли равон кишоварзони ноҳияи Деваштич дар 8175,4 гектар кишти картошка гузарониданд, ки нисбат ба соли 2023 майдони кишт беш аз 800 гектар зиёд аст.

Картошкапарварӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Ин навъи зироатро мардум нони дуюм медонанд ва талабот ба он хеле зиёд аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати аграрӣ буда, аз ин лиҳоз картошка дар он ба таври васеъ кишту парвариш мешавад.

Вилояти Суғд  яке аз минтақаҳои картошкапарварии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, минтақаҳои доманакӯҳӣ он барои парвариши картошкаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва истеҳсоли тухмиҳои хушсифат мутобиқ мебошад.

Имсол кишоварзони вилоят дар майдони 28 ҳазор 940 гектар картошка кишт намуданд, ки нисбат ба соли 2023   3603 гектар зиёд аст.

Дар вилоят ба ҳолати 1 ноябри соли равон 640 ҳазору 033 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   105 ҳазору 843 тонна зиёд мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 8, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд