Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» қабул карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.
Дар иҷлосия лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2026-2027, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва «Дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027», «Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова» ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки зимни таҳияи буҷети давлатӣ афзалияте, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, дастуру супоришҳо ҳангоми вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа, супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору барномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таклифу пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархостҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Буҷети соли 2025 бо назардошти дар ҳаҷми 166,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидани дурнамои маҷмуи маҳсулоти дохилии давлат барои соли 2025, даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 15,4 дарсад, воридоти андозҳои дохилӣ тавассути мақомоти андоз дар ҳаҷми 22,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 20,4 дарсад, гумрук 10,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 23,4 дарсад, воридоти ғайриандозӣ 1,2 миллиард сомонӣ бо афзоиши 34,4 дарсад, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 11,2 миллиард сомонӣ бо мутаносибан 60 дарсад грантҳо ва 40 дарсад қарзҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона намудани 23,9 миллиард сомонӣ тасдиқи хусусияти возеҳи иҷтимоӣ будани буҷети соли 2025 мебошад.
Ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт аз буҷет 15,2 миллиард сомонӣ равона гардид, ки он ба мустаҳкам намудани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат мекунад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети давлатӣ дар заминаи таҳлили пайомадҳои эҳтимолӣ, арзёбии рушди соҳаҳои иқтисод аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 51,6 миллиард сомонӣ бо афзоиш ба андозаи 7,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар сохтори хароҷоти умумии буҷети давлатӣ маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 37,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 24,5 дарсад, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ дар ҳаҷми 2,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 12,9 дарсад пешбинӣ гардидаанд.
Дар робита ба дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027 нишондиҳандаҳои дурнамои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2025 мебошанд.
Дар моддаи 23 лоиҳаи ин қонун мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» бо назардошти сатҳи беқурбшавии соли навбатии молиявӣ меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 75 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






