Президенти Тоҷикистон: «Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад»

Декабрь 31, 2024 09:21

ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад. Ин нукта 28 декабр дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.

Сарвари давлат зимни баррасии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат таъкид  намуданд, ки «то имрӯз мо Китобхонаи миллӣ сохтем, шабакаҳои махсуси телевизионӣ ташкил намудем, беш аз 100 ёдгории таърихию фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалиро таъмиру навсозӣ кардем, Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таъсис додем ва бисёр корҳои дигарро ба анҷом расонидем. Ман ин корҳоро барои он гуфта истодаам, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ибрат гиранд ва андеша кунанд. Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд, зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».

Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамзамон  изҳор доштанд, ки «бо вуҷуди корҳои амалигардида ҳоло дар мамлакат 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи таъмирталаби соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки ин масъала ҳалли фавриро тақозо менамояд».

Аз ин рӯ ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камбудию мушкилоти дар соҳаи фарҳанг ҷойдоштаро пурра бартараф намоянд.

Декабрь 31, 2024 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд