Рамзи расмии Рӯзи ҷаҳонии футбол дар вохӯрии Гурӯҳи дӯстон муаррифӣ карда шуд

Декабрь 5, 2024 09:40

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти ҳамраисии Намояндагии доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия нахустин вохӯрии Гурӯҳи дӯстони футбол баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Зимни чорабинӣ бо мақсади татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии  Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи ҷаҳонии футбол» масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла пешбурди ҳамкории кишварҳои аъзои  Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои марбута, афзалияти Гурӯҳи дӯстон, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, гузаронидани семинару чорабиниҳои канорӣ ва дар ин замина омодагии шоиста ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 мавриди барррасӣ қарор дода шуд.

Илова бар ин, дар ҳамоиш рамзи расмии Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз тарафи Созмони Милали Мутттаҳид таҳия карда шудааст, ба ҳозирин муаррифӣ гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиёни нишаст оид ба пайгирии раванди татбиқи нақшаҳои гуфташуда табодули афкор намуда, баргузории чорабиниҳои марбутаро дар доираи Гурӯҳи дӯстони футбол дастгирӣ намуданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Декабрь 5, 2024 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35-умин Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи 1/16-ниҳоӣ бо тими Италия рақобат мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд