Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ ба фасли зимистон омода мебошад
ДУШАНБЕ, 01.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ ба фарорасии мавсими сармо омодагии ҷиддӣ дида, кӯшиш доранд, ки зимистони солҳои 2024 – 2025 – ро бе мушкилӣ паси сар намоянд.
Тавре сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ Ҷовидон Нуров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Шабакаҳои барқии ноҳия ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024 -2025 омода буда, маводи зиёди зарурӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ дастрас шудаанд.
Тибқи нақша, бояд 35 симчӯби фарсуда бо симчӯбҳои нави бетонӣ иваз карда мешуд. То имрӯз аллакай 20 пояи фарсуда дар хатҳои баландшиддати барқи 6 /10 – 0,4 кВ бо пояҳои оҳану бетонии нав иваз карда шуданд, ки 57,1 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил доданд. Дар пояҳои фарсудаи боқимонда ивази пояҳои оҳану бетонии нав идома дорад.
Инчунин дар ЗТМ – 6 /10/0,4 кВ як трансформатори тавоноиаш паст ба баланд иваз карда шуд.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Восеъ шумораи муштариён аз ҳисоби аҳолӣ 32 ҳазору 343 нафар ва ташкилоту муассисаҳои буҷетию хусусӣ 1743 адад мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 10 моҳи соли равон 1728 ҳисобкунаки электронӣ васл ва аз дохили хонаҳо берун бароварда шуданд.
Дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025» Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ тайёрии ҳамаҷониба дидаанд. Дар баробари дигар маводу таҷҳизоти захирашуда дар назар аст, ки рӯзҳои наздик боз 2 тонна равған барои трансформаторҳои қуввагии 6\10 – 0,4 кВ дастрас намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






