Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд

Декабрь 17, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 17.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар» муайян ва қадрдонӣ гардиданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов аз ноҳияи Роштқалъа ва  Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба оилаи Дилдора Азимова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дода шуд.

Баргузор намудани чунин озмунҳои маърифатӣ ба таҳкими пояҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, саҳми ҳамсарон дар солиму пойдор нигоҳ  доштани фазои солими оила, тарбияи фарзандони солеҳа, худшиносу худогоҳ, саҳми оилаҳои ҳунарманд дар эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани фарзандон, наврасону ҷавонон, нақши арзишманди оилаҳо дар ободонии маҳали зист ва ҳамчун оилаи намунавӣ баланд бардоштани обрӯ ва эътибори хонаводаҳо мусоидат менамояд.

Тоҷикистон бо ташаббусҳои беназир дар байни давлатҳои пешрафта мавқеи густурда касб намудааст. Аз ин рӯ мо бояд беш аз ҳар вақти дигар фаъолияти худро ба таҳкими волотарин арзишҳои ваҳдату истиқлолият, сулҳу субот, арзишҳои инсонию ахлоқӣ, эҳтироми якдигар, муҳаббату якдигарфаҳмӣ ва гиромидошти оилаҳо равона намоем.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ҷойи якум ба Бахтиёр Ҳасанов аз шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюм ба Мунис Бобоев аз ноҳияи Ашт ва Акмал Ҳакимов аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҷойи сеюм ба  Турахон Холов аз ноҳияи Шаҳринав, Умед Муҳаммадшерзодшоев аз шаҳри Хоруғ ва Ҳоҷӣ Шарипов аз ноҳияи Рашт дода шуд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» оилаи Нигинамо Набиева аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, оилаи Некруз Лайлиев аз ноҳияи Рӯшон ва оилаи Фозилҷон Носиров аз ноҳияи Шаҳринав сазовори ҷойи дуюм, оилаи Фариштамо Қодирова аз ноҳияи Ҳамадонӣ, оилаи Ҳабибулло Рашидов аз шаҳри Бӯстон ва оилаи Ташриф Шарипов аз ноҳияи Рашт сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

Ҳамчунин ба беҳтарин ҳамсарон ва беҳтарин оилаҳои ҳунарманд барои иштироки фаъол Ифтихорнома супорида шуд.

Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» аз ноҳияи Роштқалъа Хушомад Алидодов дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки «дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ нақши оила хеле бузург аст. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои мустаҳкамии оилаҳо заминаи хуб мебошад. Маҳз бо шарофати иқдоми созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати соҳибистиқлоли мо рӯз ба рӯз зебою шукуфон ва сатҳи худшиносию худогоҳии аҳли ҷомеа боло рафта, оилаҳо дар фазои тинҷию оромӣ зиндагонӣ доранд. Мо дар ҷавоб ба дастгириҳои давлату Ҳукумат талош бар он менамоем, ки насли оқилу доно ва ватандӯст тарбия намоем, зеро эҳтиром ба давлату миллат аз оила оғоз меёбад».

Хушомад Алидодов дар айни замон директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳиби се фарзанд мебошад. Ҳама фарзандонаш варзишгар буда, унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро доранд.

«Шиори хонаводагии мо суханони Пешвои миллат мебошад: «Ақли солим дар ҷисми солим аст». Ман кӯшиш менамоям, ки фарзандонамро пайваста дар роҳи илму адаб тарбия намоям, то дар пешрафти мамлакат саҳм гузоранд. Хушбахтона, имрӯз фарзандони ман дар соҳаи варзиш ба Ватан хизмат доранд ва номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки фарзанди калонии ман Шаҳриёр Алидодов ғолиби чандин мусобиқаи варзишӣ дар ҷумҳурӣ ва чемпиони дукаратаи Осиё аз намуди карате мебошад».

Хушомад  Алидодов мегӯяд, ки «дар оилаҳо, хусусан дар оилаҳои ҷавон бояд ҳамеша меҳру муҳаббат бошад. Ҷойе, ки муҳаббат аст, он ҷо баракату садоқат аст, дар он ҷойе, ки муҳаббат нест, он ҷо ҷудоӣ ва низоъ аст. Аз ин рӯ хоҳони он ҳастем, ки ҳамеша дар оилаҳои тоҷик муҳаббат ба оила, Ватан ва модар пойдор бошад».

Ёдовар мешавем, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо мақсади тақвияти мавқеи оила дар ҷомеа, густариши фарҳанги оиладорӣ ва таҳкими пояҳои оиладорӣ баргузор гардиданд.


Моҳинави НАВРӮЗ,

АМИТ «Ховар

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд