РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Дар деҳоти Оббурдони Мастчоҳ сохтмони кӯдакистон барои 300 нафар идома дорад
ДУШАНБЕ, 14.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ сохтмони кӯдакистон барои 300 нафар ба тариқи ҳашар идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Кӯдакистон бо дастгирии соҳибкорон, ашхоси саховатманд ва аҳолии маҳал сохта мешавад. Ҳамарӯза дар сохтмони ин кӯдакистон беш аз 100 нафар сокинони маҳал иштирок менамоянд.
Тибқи лоиҳа, бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, барои 300 нафар тарбиягиранда ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 1 сентябри соли раовн ба роҳбарони шаҳру вилоятҳои мамлакат дастуру супориш доданд, ки зимни пешбурди корҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масъалаи бунёди муассисаҳои томактабӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, сохтмони ин гуна муассисаҳоро суръат бахшанд.
Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, «бо назардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, мо ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем. Шумораи ин муассисаҳо соли равон ба 720 адад расида, дар онҳо зиёда аз 105 ҳазор нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 169 муассиса ва 33 ҳазор кӯдакон танҳо ба шаҳри Душанбе рост меояд».
Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат бо изҳори нигаронӣ гуфтанд, ки ин шумора ҳанӯз хеле кам мебошад, зеро фарогирии кӯдакон дар миқёси мамлакат ҳамагӣ 22 фоизро ташкил медиҳад.
«Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025» қабул гардид, ки аз оғози татбиқи он қариб чор сол гузашт. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии бахшҳои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахлдошта боиси нигаронӣ мебошад», -таъкид намуданд Роҳбари давлат.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2023 низ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара вазъи иҷрои қисматҳои асосии «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»-ро, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахл дорад, ташвишовар арзёбӣ намуда буданд.
Барномаи мазкур аз 30 сентябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳадаф аз тадбиқи он фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсили босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад. Бо амалисозии ин барнома то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33 фоиз расонида шавад.
Тибқи ин барнома, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.
Бояд иброз намуд, ки зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Аз ин хотир хуб мешуд, ки соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид
Дар Сеул оид ба сиёсати рушди сармояи инсонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ форуми байналмилалӣ доир гардид
Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба донишгоҳҳои Узбекистон оғоз намуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион китоби узбекӣ мавҷуд аст
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Норак бинои нави муассисаи таълимӣ сохта мешавад






