Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Русия
ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикони муқими шаҳрҳои Федератсияи Русия бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия ба таври дастҷамъона тамошо намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Бо мусоидати Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва дастгирии роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳру вилоятҳои Русия имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамватанони бурунмарзӣ ва тоҷикони муқимию муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври дастаҷамъӣ тамошо намуда, иброз намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои кору фаъолият ва зиндагии мо дар хориҷӣ буда, дар берун аз мамлакати азизамон талош менамоем, ки таърих, фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистқилолии кишварамонро ба таври шоиста муаррифӣ намуда, баҳри рушди босубботи Тоҷикистони азизамон саҳмгузорӣ намоем.
Тоҷикони бурунмарзии Федератсияи Русия дар шаҳру вилоятҳои Москва, Самара, Толятӣ, Челябенск, Ярослав, Екатеренбург, Нижневарск, Новосибирск, Хабаровск, Якутия, Пенза, Тюмен, Оренбург, Сургут, Қазон ва Владимир дастаҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия














Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд






