Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории гумрукиро тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён тавсеаи ҳамкории ду давлат дар соҳаи гумрук баррасӣ гардид, , иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти омори гумрукӣ диққати махсус дода, зарурати мубодилаи маълумоти гумрукиро тибқи Протоколи техникии баимзорасида байни мақомоти гумруки ду давлат таъкид карданд.
Ҳамчунин густариши ҳамкории гумрукӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузории дуҷониба низ муҳокима шуданд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда метавонад ба рушди ҳамкории устувор ва дарозмуддат мусоидат намояд.
Сафири Эрон оид ба такмили расмиёти гумрукии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт байни ду давлат изҳори назар намуд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






