Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба 205 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Туҳфаҳоро, ки аз либосҳои зимистона, пойафзол, шиму костюм, сарпӯшҳои мавсимӣ, лавозимоти хониш ва шириниҳо иборат буданд, ба тарбиятгирандагони ин муассиса Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав супориданд, ки ин иқдом сабаби хушҳолии бошандагон гардид.
Неъматулло Ҳикматуллозода зимни тақдими туҳфаҳо таъкид намуд, ки раванди таълиму тарбия ва фаъолияти мактаб-интернатҳо зери таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки сол то сол шароити буду бош ва таълими тарбиятгирандагони ин муассисаҳо рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.
Тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳои идона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, бо рафтору кирдори намунавӣ кӯшиш менамоянд, ки пайрави содиқи Пешвои муаззаму ғамхори худ бошанд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, барои тарбиятгирандагони он тамоми инфрасохтори соҳавӣ дар самти таълиму тарбия муҳайё гардидааст. Аз 205 нафар таълимгирандагони ин муассиса 46 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ки машғулият барои онҳо бо ҷалби мураббияҳои соҳибтахасус гузаронида мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст






