Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони шаҳри Кӯлоб дар Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол», ки 13 декабри соли равон дар пойтахт, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, дар номинатсияи «Маҳсулоти бофандагӣ ва либос» сазовори ҷойи 1 ва аз рӯи номинатсияи «Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ» сазовори ҷойи 2 гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки маротибаи аввал нест, ки маҳсули дасти занони ҳунарманду гулдасти чакандӯзи шаҳри Кӯлоб дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардад. Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб шумораи корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ афзуда, кормандони он бо фармоиш барои мизоҷон чакан, асосан курта медӯзанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин ҳунар дар шаҳри Кӯлоб боз ҳам сайқал ёфта, тарроҳон махсусан барои муосир гардонидани нақшу нигор ва ороишоти куртаи чакан тадбирҳои зиёд меандешанд. Ҳамин аст, ки сол ба сол талабот ба куртаҳои чакани омоданамудаи ҳунармандони шаҳри Кӯлоб меафзояд.
Дар номинатсияи «Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ» сазовори ҷойи 2 гардидани ҳунармандони шаҳри Кӯлоб ҳам маротибаи аввал нест. Онҳо дар озмуну фестивалҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ маҳсули дасти хешро ба намоиш гузошта, сазовори баҳои баланди ҳакамон ва иштирокдорон гардидаанд.
Шаҳри Кӯлоб бо заргарони ҳунармандаш аз қадим то имрӯз машҳур аст. Ҳоло ҳам заргарони шаҳр навъҳои маснуоти заргарӣ — дастпона, қулфи гиребон, гӯшвора, холчӯб, чолбанд, зира, нуқрапӯшак ва ғайраро хеле моҳирона месозанд ва аз рӯи ҳунарашон зиндагияшонро пеш мебаранд.
Мавриди ёдоварист, ки Корхонаи воҳиди давлатӣ «Зари Кӯлоб» аз шумори коргоҳҳои пешқадаму замонавии шаҳр аст, ки бо истеҳсоли маҳсулоти қиматбаҳои худ байни дигар коргоҳҳои ҷумҳурӣ мақоми шоистае пайдо кардааст. Дар корхона зиёда аз 20 нафар бонувон фаъолият дошта, маҳсулоти он на танҳо дар дохил, балки берун аз мамлакат ҳам шуҳрат дорад. Номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона аз сад гузаштааст.
Ёдовар мешавем, ки 13 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» аз рӯи 7 номинатсия- «Маҳсулоти бофандагӣ ва либос», «Коркарди чӯб ва маснуоти чӯбӣ», «Маҳсулоти минералии ғайриметаллӣ», «Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ», «Созҳои мусиқӣ», «Санъати нафиса» ва «Ҳунарҳои соҳаи кишоварзӣ» ҷамъбаст гардид.
Дар озмун ғолибони Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» ва Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намунаи ҳунарҳои худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.
Озмун дар асоси «Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021-2025» доир гардида, ҳадаф аз он бедор намудани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, ба насли оянда мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






