Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё соҳиби панҷ медал гардиданд

Декабрь 12, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 ноябр то 12 декабри соли 2024 Чемпионати Осиё оид ба варзиши бокс дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд байни беҳтарин муштзанони қораи Осиё дар сатҳи баланд баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик маҳорати арзанда нишон дода, соҳиби панҷ медал гардиданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар рӯзи охирини Чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Таиланд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 муштзан- Акмал Убайдов ва Парвиз Каримов рақобат карданд. Акмал Убайдов сазовори медали тилло ва Парвиз Каримов соҳиби медали нуқра шуд. Парвиз Каримов дар вазни 92 кг дар финал аз муштзани қазоқ Сагюндюк Тогамбай пеш аз муҳлат шикаст хӯрд. Дар роҳ ба финал Парвиз Каримов дар даври аввал озод буда, дар даври нимниҳоӣ Богдан Толмачов аз Украинаро мағлуб кард.

Ҳамин тавр, чемпионати Осиё барои муштзанони тоҷик бобарор анҷом ёфт. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин дастовард дар таърихи бокси Тоҷикистон маротибаи аввал аст.

Медали тиллоро Акмал Убайдов дар вазни 60 кг, медали нуқраро Парвиз Каримов дар вазни 92 кг ва медалҳои биринҷиро Аҳмадҷон Саидов дар вазни 86, Шаҳобҷон Шукуров дар вазни 71 кг ва Шукрат Саломатов дар вазни 67 кг соҳиб шуданд.

Муштзанони дигари тоҷик Меҳрон Шафиев дар вазни 48 кг, Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг, Абдумалик Болтаев дар вазни 80 кг ва Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг мусобиқаро бе медал ҷамъбаст намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд байни беҳтарин муштзанони қораи Осиё доир гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд беш аз 200 муштзан (132 мард, 82 зан) аз 21 давлати Осиё иштирок намуданд.

АКС аз ТВ «Варзиш»

Декабрь 12, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд