ЗИҲӢ, ЭЙ ПЕШВО, ЭЙ ҚАҲРАМОНМАРД. Эҳдо ба ҷашни 30 — солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 08.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути ҳидоятҳои ибратомӯзи Роҳбари соҳибфитрату накӯсиришташ — Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавонои пешбар, рушддиҳандаи иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ, эҳёгари арзишҳои миллӣ ва ташаккулдиҳандаи нуфузу манзалати давлат дар арсаи байналмилалӣ мубаддал гаштааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Оиннома ва барномаҳои худ фаъолият намуда, дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ менамояд. Манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя карда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ, ватанпарастӣ ва ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллату давлатро асоси фаъолият мешуморад.
Имрӯз ҳизб дар ташаккул додани ҳама рукнҳои ҳокимияти давлатӣ: қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ фаъолона иштирок намуда, бо ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, барои рушд ва инкишофи минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Бо камоли қаноатмандӣ метавон гуфт, ки бо гузашти 30 соли фаъолият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи моро ба марҳилаҳои сифатан нав расонид.
Тавре ки Пешвои миллат бахшида ба биступанҷумин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуданд, «давоми ин солҳо талошу муборизаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол барои таҳкими давлатдории навини миллӣ далели он аст, ки ҳизби мо дар хизмати мардум аст».
Воқеан ҳам ҳар марҳилаи тайкардаи он бо таваҷҷуҳ ба татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии мамлакат, муаррифии Ватан ҳамчун ҷумҳурии пешоҳангу ташаббускор дар ҳалли мушкилоти гуногуни минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва расидан ба марҳилаҳои сифатан нави ҳаёти ҷомеа бо иқдоми созандаи Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошад.
Он ҳама дастгирӣ ва ибтикороти Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки барномаи ҳизб ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Аз ҷумла, чоп ва ройгон тақдим намудани китобҳои илмӣ-фарҳангӣ, ташкили ҷоизаҳои давлатӣ барои олимони ҷавон ва варзишгарон ва гузаронидани озмунҳои илмӣ- фарҳангӣ, ба мисли «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Тоҷикистон як инқилоби бузурги илмӣ-фарҳангӣ, табаддулоти зеҳнию варзишӣ ва дигаргуниҳои куллиро дар самти корҳои ободонию созандагӣ ба бор овардааст.
Мо, шоҳиди онем, ки ҳамасола бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла бахшида ба 35 — солагии он дар сатҳи маҳалу деҳот, ноҳияю шаҳрҳо ва вилояту пойтахти мамлакат корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дошта, ҳамасола садҳо роҳу пул ва иншооти гуногуни таъйиноти иҷтимоию маишӣ ба истифода дода мешаванд.
Солҳои охир корҳои ободонӣ дар пойтахти мамлакатамон- шаҳри Душанбе низ баръало мушоҳида гардида, навсозии кӯчаю хиёбон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ, қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи маъмурию маишӣ, муассисаҳои муосири таълимию тандурустӣ, инчунин истгоҳҳои замонавию роҳҳои нақлиётии сеқабата боиси сарфарозию фараҳмандӣ ва хушҳолии на танҳо сокинони пойтахт, балки мавриди таваҷҷуҳи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гардидааст.
Дар доираи тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ бо ҷалби соҳибкорону ҷавонони ватандӯсту садоқатпеша як теъдод корхонаҳои нави саноатии истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба бунёди даҳҳо корхонаҳои бузурги дигар санги асос гузошта шудааст. Чунин иқдом барои зиёд гардидани ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон беш аз ду даҳсолаи охир ҳамчун солҳои пур аз рӯйдодҳои фараҳбахши сиёсию фарҳангӣ ва басе хотирмону фаромӯшнопазир дониста мешаванд.
Зеро дар ин муддат мавриди истифода қарор гирифтани чархаҳои якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», қабули 6 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид марбут ба мушкилоти об рӯйи кор омада, ташаббуси навбатии башардӯстона- «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди омӯзиши ин ниҳоди бузурги байналмилалӣ қарор дорад. Дар ин радиф пойтахти ҷумҳуриамон макони асосии баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ гардид, ки ин нуфузу эътибори ҷумҳурии моро дар ҷаҳон дар симои Пешвои миллат боз ҳам болотару устувортар намуд.
Қобили таъкид аст, ки ҳама ин ташаббусҳо хусусияти инсондӯстӣ дошта, ба ҳифзи ҳаёт дар сайёраи Замин ва садоқату ҳамзистии осоиштаи инсоният равона гардидаанд.
Натиҷаи татбиқи дурусти ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб мебошад, ки имрӯз дар қатори дигар фраксияҳои ҳизбӣ фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ҳамчун фраксияи бонуфузтарин ва пуриқтидортарин эътироф шудааст.
Аъзои фраксия дар самтҳои намояндагӣ, қонунгузорӣ ва байнипарламентӣ фаъолият намуда, бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва иқдоми фраксия дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қонунҳои амалкунандаро вобаста ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва раванди демократикунонии ҷомеа такмил дода, қонунҳое эҷод ва қабул менамоянд, ки инсон ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои онро кафолат медиҳанд.
Олимону донишмандон, коршиносони мосоили гуногуни арсаи байналмилалӣ ва сарони давлатҳою сиёсатмадорони хориҷӣ нисбат ба Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, баҳои баланд додаанд.
Аксарияти онҳо дар суханонии худ Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба кору пайкор, хизматҳои шоён ва қиёснопазирашон ҳамчун сиёсатмадори варзидаи сатҳи байналмилалӣ, донишманди фозил, хирадманду оқил, дӯсти беҳтарину беғараз, ташаббускору сермаҳсул, боҷасорату поквиҷдон, ҷавонмарди комилу қавиирода, соҳибмактабу накӯсиришт, таҳаммулгарою матинирода ва фидоии воқеии миллати хеш номида, хизматҳою ҷоннисориҳояшонро на танҳо нисбат ба миллати худ, балки барои бисёре аз халқҳо ва мамлакатҳои олам намунаи ибрат хондаанд.
Инчунин пешниҳодҳо намудаанд, ки модели давлатдорияшонро дар масири сулҳофарӣ ҷомеаи ҷаҳонию институтҳои байналмилалӣ ва давлатҳое, ки дар онҳо авзоъ ноором аст, метавонанд омӯзанд ва татбиқ намоянд.
Дар ҳақиқат, хизматҳои шоён, қиёснопазир ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки имрӯз ҷумҳуриамон дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ симои худро куллан дигаргун намуд.
Воқеан хизматҳои мондагори Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти мамлакат боиси ҳазорон таҳсину офарин мебошанд, ки барои онҳо садҳо достонҳо ва шеъру китобҳо метавон навишт.
Дар ин радиф:
Ҳазор аҳсан
Ба бисмиллоҳ намуд оғоз кораш,
Ки то неку шавад ҳоли диёраш.
Чу бунёдаш зи се асли накуист,
Наку бошад варо гуфтору кораш.
Чу аз пушти Каюмарсу Куруш аст,
Ҳама озодагӣ бошад шиораш.
Чу аз тухми Фаридуну Ҳушанг аст,
Зи Ориёву Ҷамшед ифтихораш.
Варо Сосониву Сомон саромад,
Ки эшонанд доим такядораш.
Раҳо кард миллати худро зи зиллат
Аз ин бошад ба олам мондагораш.
Кашад пайваста заҳмат ҳар шабу рӯз
Ки монад миллати бонангу ораш,
Ҳазор андешаву тадбир ҷӯяд,
Барои кишвари овозадораш.
Ҷасорат карда роҳи сахт паймуд,
Бимонад то ки меҳан пойдораш.
Иродат карда кишварро зи нав сохт,
Ҳазор аҳсан ба азми устувораш.
Суханҳояш ҳама панд асту ҳикмат,
Хирад бошад ҳамеша дар мадораш.
Зиҳӣ, эй Пешво, эй қаҳрамонмард,
Ба миллат боз додӣ эътибораш.
«Худоё ,Тоҷикистонро нигаҳ дор»
Дуо дар Каъба кард аз Кирдугораш.
Шаборӯзон дуо гӯяд Зоир,
Наку дорад варо Парвардигораш.
Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳояшон бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ аз миллати шарафманду сарбаланди тоҷик даъват ба амал меоранд, ки ҳамеша дӯсту иттифоқ бошем, шукронаи ин сарзамин ва ин давлат кунем.
Зеро имрӯзҳо мо дар равандҳои таҳдиду хатарҳои нави замони муосир қарор дорем. Аз ин рӯ месазад, ки мо — миллати тамаддунофари тоҷик барои боз ҳам устувортар гардонидани амнияти миллӣ, таъмини рушду нумуи иқтисодиёт ва таҳкими сулҳу суботи саросарии мамлакат ҳама аз як гиребон сар барорем, ифтихор аз Ватану ватандӯстӣ намуда, дар атрофи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳиду сарҷамъ бошем.
Зоир РАҲМОНЗОДА,
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»