35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент таъмир мегардад

Январь 24, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент таъмир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Соли 2024 бо маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ майдон, нишастгоҳҳо, ҳуҷраҳои ивази либос ва шустушӯи варзишгарон мутобиқ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи Федератсияи футболи Тоҷикистон таъмиру таҷдид шуда, бозиҳои дастаи футболи «Саразм» дар ҳайати Лигаи якуми футболи мамлакат дар ин ҷо баргузор шуданд.

Соли равон толор барои тамрину мусобиқаҳои гӯштин ва дигар навъҳои варзиш таъмиру таҷдид карда мешавад.

Ҳоло дастаи футболи «Саразм», ки дар мавсими гузашта дар Лигаи якум дар қатори шаш дастаи аввал ҷой гирифт, ба мавсими нав омодагӣ мегирад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

 

 

Январь 24, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд