Ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Эрон дар ду соли охир 50 дарсад афзоиш ёфт

Январь 17, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтани ҳаҷми тиҷорат  нисбат ба соли 2023 байни ду давлат далели мавҷудияти зарфияти кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб мебошад. Ин нуктаро 16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон таъкид намуданд.

Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки «музокироту суҳбатҳои мо бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Масъуд Пизишкиён бори дигар нишон доданд, ки ҷонибҳо хостори пешбурди воқеии робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат мебошанд. Ҷониби Тоҷикистон аз раванди идомадори муколамаи созандаи сиёсӣ байни ду давлат изҳори ризоият менамояд. Дар баробари ин, мо алоқамандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ иброз медорем».

Таъкид шуд, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муколамаи намояндагони бахши хусусии ду давлат доир гардида, ду ҷониб 13 санади ҳамкориро ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расониданд. Ин нишони мавҷудияти имконоти фарох барои ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории мамлакатҳои мо мебошад.

Гуфта шуд, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод дар таҳкими дӯстию шарикии мардумони Тоҷикистон ва Эрон нақши хеле муҳим доранд. Тоҷикистон бо сарватҳои табиии фаровон, аз ҷумла захираҳои об, имконоти бузурги гидроэнергетикӣ, маъданҳо, фулузоти нодир ва зарфияти зиёди гардишгарӣ дорои шароити муносиби сармоягузорӣ мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф намудааст. Ҳамзамон дар ин санад ба масъалаи ширкати фаъоли бахши хусусӣ дар раванди ҷалби сармояи хориҷӣ аҳаммияти хосса дода шудааст.  

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд