Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2025
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин ва ҷиҳати ҷалби бештари дӯстдорони санъат ва ҳунар чораҷӯйӣ карда, ғолибони даврҳои якуму дуюми Озмун ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
2 январи соли 2025
№АП-711
Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «02» январи соли 2025, №АП-711
Низомномаи
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» (минбаъд — Озмун) бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, гузаронида мешавад.
2. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ба Озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
3. Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4. Масъулони баргузории Озмун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон мебошанд.
5. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба Озмун мусоидат менамоянд.
6. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, маориф, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории Озмун мебошанд.
3. КОМИССИЯИ ОЗМУН
7. Барои гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» комиссияи ҷумҳуриявӣ (минбаъд — комиссияи Озмун) таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
8. Ваколати комиссияи Озмун:
— таҳияи ҷадвали баргузории Озмун ва назорати он;
— тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба Озмун;
— пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои дуюм ва сеюми Озмун;
— якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ;
— муайян намудани ҷойи баргузории даврҳои дуюм ва сеюми Озмун;
— назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун;
— омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни Озмун ба даври сеюм;
— баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабону иштирокчиён;
— тасдиқи протокол ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври сеюми Озмун;
— ҷамъбасти натиҷаи Озмун ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва шиносоӣ.
9. Комиссияи Озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ, ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудааст, комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад.
4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
10. Озмун дар се давр гузаронида мешавад:
— даври якум — аз 1-уми апрели соли 2025 то 10-уми майи соли 2025 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;
— даври дуюм — 10-уми июни соли 2025 то 30-юми июни соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
— даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.
11. Корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даврҳои якум ва дуюми Озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор мегардад.
12. Протоколи даври дуюми Озмун бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва раиси ҳакамон ба комиссияи Озмун пешниҳод мешавад.
13. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи Озмун пешниҳод карда мешаванд.
14. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 1 август муқаррар карда мешавад.
15. Рафти даврҳои Озмун тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио ба таври васеъ инъикос мешаванд.
5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
16. Ба Озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди оҳангсозон-бастакорон, рассомон ва дизайнерон, инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикӣ, беҳтарин мусаввараҳои классикии навъҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.
17. Озмун дар байни гурӯҳҳои зерин доир мегардад:
— хонандагон, донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷҳои санъат, коллеҷҳои рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ;
— хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайриихтисос, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, намояндагони касбу кори гуногуни ғайрисоҳавӣ;
— шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё кору фаъолият доранд.
18. Барои ҳар як гурӯҳ меъёрҳои Озмунро комиссияи Озмун муқаррар менамояд.
19. Довталабоне, ки дар даври якуми Озмун тибқи раддабандии синнусолӣ ба қайд гирифта шудаанд, то даври сеюм ба ҳамин тартиб иштирок менамоянд.
20. Дар Озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, оҳангсозону бастакорон, сарояндагону навозандагон, рассомону дизайнерони унвондору касбӣ, омӯзгорони фанҳои тахассусии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи фарҳанг иштирок карда наметавонанд.
21. Ҳамзамон як шахс дар ду номинатсия ширкат варзида наметавонад.
22. Ғолибони Озмун бо Шоҳҷоиза, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.
23. Ғолибони Озмун (лауреатҳои Шоҳҷоиза, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) ҳуқуқи иштирок дар солҳои минбаъдаи Озмунро надоранд.
24. Раддабандии синнусолӣ ба таври зайл сурат мегирад:
1) номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ:
— аз 18 то 35-сола;
2) номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн:
— аз 12 то 17-сола;
— аз 18 то 35-сола.
25. Дар Озмун истифодаи фонограмма манъ аст.
26. Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм ва ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳ меёбанд.
27. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида мешавад. Намунаи шартномаро Вазорати фарҳанг омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дастрас менамояд.
28. Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷро накардани муқаррароти Низомнома оид ба вайрон намудани талаботи синнусолӣ, таҳрифи маълумоти иштирокчиёни Озмун, ки боиси ба Озмун роҳ наёфтани иштирокчӣ мегардад, масъулият доранд.
29. Ғолибони озмун уҳдадоранд, ки минбаъд тибқи шартнома тӯли 5 сол дар муассисаҳои консертӣ, эҷодӣ ва ё таълимии соҳаи фарҳангу санъат кору фаъолият намоянд.
30. Иштирокчиёни номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн дар ҳама даврҳои Озмун асарҳои худро пешниҳод менамоянд.
6. НОМИНАТСИЯҲО ВА ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
31. Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:
— оҳангсозӣ-бастакорӣ;
— сарояндагӣ;
— навозандагӣ;
-санъати тасвирӣ;
— дизайн.
32. Дар панҷ номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзуи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт, ободӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра таълиф шудаанд.
33. Ба Озмун дар номинатсияи санъати тасвирӣ асарҳое қабул карда мешаванд, ки дар рӯйи матоъ (холст) ё коғаз офарида шудаанд. Барои офаридани асар аз навъҳои зерини масолеҳ бояд истифода карда шавад: чӯб, металл, хокаи махсус, гил, гуаш, акрил, рангҳои равғанӣ, акварел, пастел, қаламҳои ранга ва сиёҳ.
34. Нусхабардории асарҳои рассоми дигар қатъиян манъ аст. Асари офаридашуда бояд бе ёрии падару модар ва устод тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он маълумоти зерин қайд шуда бошад: номинатсия, номи асар, насаб, ном, номи падар, синну соли иштирокчии Озмун, номи муассиса, суроғаи ҷойи истиқомат ва роҳбар (омӯзгор).
35. Ҳаҷми корҳои пешниҳодшаванда бояд андозаи 50х60, 50х70, 60х80, 70х90 ва ё 80х100 см бошанд.
36. Ҳар як иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар) пешниҳод менамояд.
37. Аз иштирокчиёни номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн (аз даври аввал то даври ниҳоии Озмун) ба таври ҳатмӣ дар назди ҳайати ҳакамон ба муддати то як соат супоридани имтиҳони маҳорати касбӣ талаб карда мешавад.
38. Асарҳое, ки дар даври ниҳоии Озмун соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба соҳибонашон баргардонида намешаванд.
39. Асарҳои ғолибони даври сеюми Озмун ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
40. Дар Озмун ба асарҳои тозаэҷод, симои зоҳирӣ ва сарулибоси саҳнавии иштирокчиён афзалият дода шуда, ба такрори суруду оҳангҳо, асарҳои рассомӣ ва дизайнерӣ дар даврҳои Озмун роҳ дода намешавад.
41. Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.
1) талаботи номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ:
— дар ин номинатсия иштирокчиён бояд дорои таҳсилоти миёнаи махсус ва олии мусиқӣ, инчунин намояндагони мактаби суннатии устод-шогирд (бо нишондоди мушаххаси мактаб ва устод) бошанд;
— иштирокчиёни ин номинатсия асарҳои худро бо истифодаи жанрҳои камеравӣ, сюита, сонатино, вариатсия, пиеса, романс, суруд, кантата, инчунин дар жанрҳои хосаи мусиқии анъанавӣ ва мусиқии эстрадӣ метавонанд пешниҳод намоянд;
— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар) пешниҳод менамояд. Дар ин номинатсия аз довталаб санҷиши тахассусӣ гирифта мешавад;
— асарҳо дар шакли клавир, партитура ё сабти нотавии шакли дигар (хусусан барои жанрҳои суннатӣ) ба комиссияи Озмун пешниҳод карда мешаванд;
— дар даври дуюм ва даври сеюм асарҳо дар шакли мусиқии зинда (иҷрои амалӣ) баррасӣ мегарданд;
— ҳангоми баҳогузорӣ ба техникаи оҳангсозӣ-бастакорӣ (тарзи созбандӣ, фактура, хусусиятҳои драматургиву композитсионӣ), мутобиқати мавзуъ ба жанр, ҳамоҳангии матни шеърӣ ба мусиқӣ аҳаммияти ҷиддӣ дода мешавад;
— хоҳишмандон аз гурӯҳи ҳаваскорон барои иштирок кардан дар ин бахш бо тариқи ариза муроҷиат намуда, баъди гузаштан аз санҷиши тахассусӣ имкони иштирокро пайдо менамоянд;
2) талаботи номинатсияи сарояндагӣ:
— дар иҷрои барномаи сароянда маҳорати касбӣ, талаффузи бурро, тарзи баён, нафаси равон, диапазони васеи овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, саҳназебӣ, либоси саҳнавӣ, одоб ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ба эътибор гирифта мешавад;
— иштирокчӣ ба ҳар даври Озмун як асар (ҳамагӣ 3 асар) дар жанрҳои гуногун пешниҳод менамояд;
— иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои суруд, романс, ария, ариозо, жанрҳои дигари мусиқии камеравии вокалӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ (2 ё 3 суруди эстрадиро аз эҷодиёти композиторони тоҷик, мюзиклҳои эстрадӣ, жанрҳои ретро, диско, поп, ҷаз ва ё асари худи иштирокчӣ) мураттаб созад;
— иштирокчӣ дар номинатсияи жанри эстрадӣ асарҳоро бо истифодаи созҳои аврупоиасос ва созҳои миллӣ метавонад пешниҳод намояд;
— дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;
— тарҷумаи таҳтуллафзии матни шеъру суханҳои сурудҳои бо забонҳои дигар иҷрошаванда ҳатман пешниҳод карда шаванд;
— дар пешниҳоди сарояндагӣ ба шеърҳои муосир, хусусан истифодаи шеърҳо аз баёзҳои тозанашр афзалият дода мешавад;
3) талаботи номинатсияи навозандагӣ:
— дар баромади навозанда маҳорати касбӣ, интихоби арзишманди асари мусиқӣ, мазмун ва жанри асар, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, одоби саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбиву оҳангӣ, самимият ва аслияти сабки навозандагӣ ба эътибор гирифта мешаванд;
— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар) пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба жанрҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд;
— иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои гуногуни мусиқии полифонӣ, соната, вариатсия, консерт, пйесаи консертӣ, жанрҳои дигари мусиқии камеравии созӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;
— дар жанри академӣ иштирокчӣ дар ҳар як давр 1 асари мураккабро аз қабили пйесаҳои гуногунмазмун ва гуногунжанр (лирикӣ ва техникӣ) ва асари калонҳаҷм соната, вариатсияҳо, консерт ва ғайра аз рӯйи интихоби худ бояд иҷро намояд. Асарҳо аз ёд навохта шуда, 1 асар ҳатман бояд аз асарҳои композиторони тоҷик бошад;
— асарҳо бо ҳамовозии фортепиано, ансамбли камеравӣ, оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ ва ё консермейстер иҷро гардида, клавири асар ва матни шеър ба комиссияи Озмун пешниҳод карда мешавад.
Асарҳо дар чунин созҳои аврупоиасос иҷро мегарданд:
— фортепиано;
— созҳои торӣ-камонӣ (скрипка, виолончел, контрабас);
— созҳои нафасӣ (флейта, фагота, гобой, труба, туба, тромбон, валторна, саксафон, кларнет ва ғайра);
— созҳои зарбӣ (ксилофон, метолофон, литавра, нағораҳои хурду калон ва ғайра).
Асарҳо дар чунин созҳои миллӣ иҷро мегарданд:
— созҳои мизробӣ (рубоб, тор, тарбӯр, дутор, думбра, дутор бас, соз, сетор, уд, рубоби бадахшонӣ, қонун ва ғайра);
— созҳои торӣ-камонӣ (ғижак, қобуз, сато);
— созҳои нафасӣ (най, қушнай, сурнай, карнай, тутак ва ғайра)
— созҳои торӣ-зарбӣ (чанг, лабчанг ва ғайра).
— дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;
— дар пешниҳоди навозандагон ба сабақҳои аслии санъати навозандагии тоҷик афзалият дода мешавад;
4) талаботи номинатсияи санъати тасвирӣ:
— дар иҷрои барномаи санъати тасвирӣ маҳорати эҷодӣ, интихоби асар, мазмуни асари офаридашуда, маҳсулоти истифодашуда ҳангоми офаридани асар ба эътибор гирифта мешавад;
— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар) пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;
— иштирокчии ин номинатсия метавонад асари худро аз рӯйи равияҳои рассомӣ (мусаввирӣ, мусаввирии монументалӣ, ҳайкалтарошӣ, графикаи дастгоҳӣ, миниатюра) ва санъати ороиши амалӣ (наққошӣ, кулолгарӣ, маҳсулоти бадеӣ аз метал, коркарди бадеии чӯб, масолеҳи сангӣ, гаҷкорӣ) пешниҳод намояд;
5) талаботи номинатсияи дизайн:
— дар иҷрои барномаи дизайнерӣ маҳорати эҷодӣ, диди нав, навоварӣ, эҷоди асарҳои мубрам ба эътибор гирифта мешавад;
— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар) пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;
— иштирокчии ин номинатсия метавонад асарҳои худро дар равияҳои дизайни графикӣ, реклама, ороиши дохили бино, меъмории манзаравӣ, мӯди либос ва бофандагии бадеӣ (батика, гобелен) пешниҳод намояд.
42. Вақти баромади довталаб дар даври дуюм то 10 дақиқа ва дар даври сеюм то 20 дақиқа муайян мегардад.
7. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН
43. Ҳайати ҳакамони даври якум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби мутахассисони мусиқишинос, санъатшинос, рассомон, омӯзгорони муассисаҳои махсуси санъати мусиқӣ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг интихоб гардида, ҳайати ҳакамони даврҳои дуюму сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерон аз ҷониби комиссияи Озмун тасдиқ карда мешаванд. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар Озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад.
44. Ҳайати ҳакамон аз рӯйи меъёри то 10 хол ғолибонро муайян мекунад.
45. Ҳайати ҳакамон барои ҷобаҷогузории дурусти асарҳои мусиқӣ, рақс, санъати тасвирӣ ва дизайни пешниҳодгардида дар жанрҳои мувофиқи вобаста ба номинатсиҳои Озмун уҳдадор мебошад.
8. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
46. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо, буду бош дар маҳалли баргузории Озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва сарчашмаҳои дигари маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.
47. Ғолибони даври якуму дуюми Озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки қонунгузорӣ фаъолияти онҳоро манъ накардааст, ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
48. Омӯзгоре, ки шогирди ӯ дар даври сеюми Озмун сазовори Шоҳҷоиза ва ё ҷойи якум мегардад, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешавад.
49. Ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ пас аз хатми муассисаи олии касбии соҳавӣ ба аъзогии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
50. Омӯзгоре, ки шогирди худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври якум то даври сеюми Озмун омода менамояд ва дар даври ниҳоӣ ӯ соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешавад, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегардад.
51.Омӯзгорони ғолибони Озмун дар он сурат ҳавасманд гардонида мешаванд, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муассисаро дар хусуси омӯзгори воқеӣ будан пешниҳод намоянд.
52.Ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.
53.Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тартиби додани мукофот ва ҷоизаро барои ғолибони даври якум ва дуюми Озмун раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
54.Ҷиҳати ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои Озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.
9. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН
55. Барои иштирок дар даври сеюми Озмун ба комиссияи Озмун ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд:
1) барои рассомон ва дизайнерон:
— маълумот дар бораи довталаб;
— нусхаи шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд);
— маълумотнома аз роҳбари муассисаи таълимӣ;
— 4 дона сурати 3х4;
— асарҳое, ки аз даврҳои якум ва дуюми Озмун гузаштаанд;
— нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии рассомӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн (барои гурӯҳи касбӣ);
2) барои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагон ва навозандагон:
— маълумот дар бораи довталаб;
— нусхаи шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд);
— асарҳо дар шакли ҳомили электронӣ;
— сабти нотавӣ (тибқи талаботи Озмун);
— матни шеърҳо дар се нусха;
— нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии мусиқӣ (барои гурӯҳи касбӣ).
56. Ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти даври сеюм бо протоколҳои расмӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон тасдиқ гардида, комиссияи Озмун онро баррасӣ менамояд.
57. Довталабоне, ки дар даври сеюм ғолиб намегарданд, бо диплом ва ифтихорнома сарфароз гардонида мешаванд.
10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА
58. Дар даври сеюм ба ҳар як номинатсия як Шоҳҷоиза ҷудо карда мешавад.
59. Ба ғолиби беҳтарин Шоҳҷоиза дода мешавад.
60. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки дар оҳангсозӣ-бастакорӣ, суруд хондану мусиқӣ навохтан, офаридани асарҳои тасвирӣ ва ё дизайнерӣ маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорату истеъдод ва касбияти ӯ аз ғолиби ҷойи якум болотар аст.
11. ИМТИЁЗҲО
61. Ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ шуда, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо менамоянд.
62. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун шудаанд, барои таҳсил дар марказҳои бачагонаи рассомӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии соҳаи фарҳанги кишвар, инчунин ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳонҳо дар гурӯҳҳои ройгон ҳуқуқи таҳсил доранд.
63. Иштирокчиёни даври сеюми Озмун (хонандагони синфҳои 9 ва 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан, ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва иштирокчиёни даври сеюми Озмунро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.
64. Вазорати фарҳанг ҳуҷҷатҳои Озмунро тибқи тартиби муқарраршуда ба муҳлати 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «02» январи соли 2025, №АП-711
Ҳайати
комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) — раиси комиссияи Озмун;
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи Озмун;
раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — муовини раиси комиссияи Озмун;
муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — котиби Комиссияи Озмун.
Аъзои комиссияи Озмун:
сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон;
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода;
ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон;
раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон;
раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон.
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «02» январи соли 2025, №АП-711
Ҷоизаҳои
озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»
1. Номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ (аз 18 то 35-сола)
Таъйиноти хароҷот | Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ (сомонӣ) |
Жанри академӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри анъанавӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри эстрадӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Ҷамъ | 18 | 780 000 |
2. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 12 то 17-сола)
Таъйиноти хароҷот | Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ(сомонӣ) |
Жанри академӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри анъанавӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260000 | |
Жанри эстрадӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Ҷамъ | 18 | 780 000 |
3. Номинатсияи сарояндагӣ (аз 18 то 35-сола)
Таъйиноти хароҷот | Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ(сомонӣ) |
Жанри академӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри анъанавӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри эстрадӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Ҷамъ | 18 | 780 000 |
4. Номинатсияи навозандагӣ (аз 12 то 17-сола)
Таъйиноти хароҷот | Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ(сомонӣ) |
Жанри академӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри анъанавӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри эстрадӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Ҷамъ | 18 | 780 000 |
5. Номинатсияи навозандагӣ (аз 18 то 35-сола)
Таъйиноти хароҷот | Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ(сомонӣ) |
Жанри академӣ (созҳои аврупоиасос) | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри академӣ (созҳои миллӣ) | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри анъанавӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри эстрадӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Ҷамъ | 24 | 1 040 000 |
6. Номинатсияи санъати тасвирӣ (аз 12 то 17-сола)
Таъйиноти хароҷот | Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ(сомонӣ) |
Жанри рассомӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри санъати ороиши амалӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Ҷамъ | 12 | 520 000 |
7. Номинатсияи санъати тасвирӣ (аз 18 то 35-сола)
Таъйиноти хароҷот | Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ(сомонӣ) |
Жанри рассомӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри санъати ороиши амалӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Ҷамъ | 12 | 520 000 |
8. Номинатсияи дизайн (аз 18 то 35-сола)
Таъйиноти хароҷот | Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ(сомонӣ) |
Жанри дизайни графикӣ, реклама, ороиши дохили бино ва меъмории манзаравӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Жанри дизайни мӯди либос ва бофандагии бадеӣ | |||
Ҷойи якум | 70 000 | 1 | 70 000 |
Ҷойи дуюм | 50 000 | 2 | 100 000 |
Ҷойи сеюм | 30 000 | 3 | 90 000 |
Ҳамагӣ | 6 | 260 000 | |
Ҷамъ | 12 | 520 000 |
9. Маблағ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар Озмун Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд
Таъйиноти хароҷот | Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ(сомонӣ) |
Шоҳҷоиза | 20 000 | 5 | 100 000 |
Ҷойи якум | 20 000 | 8 | 160 000 |
Ҷойи дуюм | 20 000 | 16 | 320 000 |
Ҷойи сеюм | 20 000 | 24 | 480 000 |
Ҳамагӣ | 53 | 1 060 000 |
10. Шоҳҷоиза
Таъйиноти хароҷот | Маблағ барои як номинатсия | Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ(сомонӣ) |
Номинатсияи оҳангсозӣ-басткорӣ |
100 000 | 1 | 100 000 |
Номинатсияи сарояндагӣ |
100 000 | 1 | 100 000 |
Номинатсияи навозандагӣ |
100 000 | 1 | 100 000 |
Номинатсияи санъати тасвирӣ |
100 000 | 1 | 100 000 |
Номинатсияи дизайн | 100 000 | 1 | 100 000 |
Ҳамагӣ | 5 | 500 000 |
11. Хароҷоти иловагӣ
Таъйиноти хароҷот | Маблағи умумӣ |
Омода кардани ҷоми шоҳҷоизаҳо, дипломҳо, сафари ҳайати ҳакамони даври дуюм ба вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳавасмандгардонии ҳайати ҳакамони даври сеюм ва хароҷоти дигар | 400 000 |
12. Маблағи умумӣ
Таъйиноти хароҷот | Шумораи умумӣ | Маблағи умумӣ (сомонӣ) |
Ҷоизаҳо аз рӯйи номинатсияҳо | 132 | 5 720 000 |
Шоҳҷоиза | 5 | 500 000 |
Барои омӯзгорони иштирокчиёни ғолибомада | 53 | 1060 000 |
Хароҷоти иловагӣ | — | 400 000 |
Ҳамагӣ | 228 | 7 680 000 |