Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ бо расман ба истифода супоридани боғчаи бачагонаи Маҳдия идома ёфт.
Кӯдакистони Маҳдия дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар маҳаллаҳои дорои 100 хоҷагӣ дар деҳаи Заркамар бунёд гардидааст.
Бунёди чунин муассисаҳо дар маҳалҳо яке аз тадбирҳои муҳим дар самти рушди таҳсилоти томактабӣ буда, барои татбиқи ҳадафҳои Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муассисаи нав бо риояи талаботи муосир ва истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардида, дар он барои таълиму тарбия ва фароғати 200 кӯдак шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар дохили кӯдакистон толорҳои бозии зимистона мавҷуд буда, дар ҳудуди муассиса низ майдонҳои бозиву варзишӣ ташкил шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки кӯдакон ҳам дар дохили бино ва ҳам дар ҳавои кушод ба бозиҳои инкишофдиҳанда, машғулиятҳои ҷисмонӣ ва дигар фаъолиятҳои тарбиявӣ машғул шаванд.
Барои ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар муассиса 10 парастори соҳибтахассус ҷалб гардида, машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешаванд. Ин раванд барои рушди қобилияти зеҳнӣ, ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои муоширати кӯдакон аз хурдсолӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиягирандагон дар кӯдакистон бунгоҳи тиббӣ пешбинӣ гардидааст. Ошхона низ дорои шароити зарурӣ ва 50 ҷойи нишаст мебошад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими иншооти нав истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ мебошад. Дар болои бино панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки иқтидори умумии онҳо 62 киловаттро ташкил медиҳад. Ин иқдом барои таъмини муассиса бо неруи барқ ва истифодаи самараноки манбаъҳои тозаи неру заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муассиса, ҳамчунин бо низоми бехатарӣ таъмин аст. Ҳудуди он сабзкорӣ ва ободу зебо гардонида шуда, дар майдони назди кӯдакистон нишастгоҳҳо ва ҷойҳои махсус барои истироҳату бозии кӯдакон омода шудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистони Маҳдия шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар деҳоти Миралиобод ба сето расид. Дар маҷмӯъ, ин муассисаҳо барои фарогирии 500 кӯдак ба зинаи аввали таҳсилот имконият фароҳам овардаанд.
Ин нишондиҳанда дар шароити деҳот муҳим буда, таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврасро нишон медиҳад.
Дар идомаи тадбирҳо баҳри васеъ намудани имкониятҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, дар деҳаи Сурхдараи ҳамин деҳот сохтмони боз як кӯдакистон идома дорад. Пас аз ба истифода додани он имкониятҳои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ боз ҳам бештар хоҳанд шуд.
Татбиқи ҳадафҳо дар самти бештар намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба волидон имкон медиҳад, ки фарзандони худро дар муҳити солим ва наздик ба маҳалли зист ба зинаи аввали таҳсилот ҷалб намоянд.
Дар ин раванд саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ қобили зикр аст. Иштироки онҳо дар бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ бозгӯи он аст, ки соҳибкорон баробари рушди фаъолияти иқтисодӣ, ҳамчунин дар самти фароҳам овардани шароити муносиб барои насли наврас саҳми арзанда мегузоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин кӯдакистон ба соҳибкорон изҳори сипос намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки ин омил метавонад сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва, махсусан, ба ояндаи ҷомеа бошад.
Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро, ки дар бунёду ободонии муассисаҳои иҷтимоӣ саҳм мегузоранд, намунаи хуби ватандӯстӣ гуфта, нақши онҳоро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, ташаккули зеҳну тафаккур ва рушди қобилиятҳои кӯдакон муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамин тавр, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистони Маҳдия дар деҳоти Миралиобод намунаи равшани таҷҷуҳи пайваста ба соҳаи маориф, дастгирии ташаббусҳои созанда ва фароҳам овардани шароити муносиб барои насли наврас мебошад. Муҳити муосири таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва фароҳам будани шароити муносиб барои бозиву омӯзиш ба ташаккули кӯдак ҳамчун шахсияти соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии васеъ мусоидат хоҳад кард.








Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Дар шаҳри Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад






