Ҷашни пуршукуҳи ниёгон-Сада дар вилояти Хатлон бо шаҳомати хосса таҷлил гардид

Январь 27, 2025 16:52

ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ — Сада бо шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  дар  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҷашн бо афрӯхтани гулхан оғоз гардида, дар он намоиши маҳсулоти донагӣ, кишоварзӣ ва нонию таомҳои миллӣ, гӯшаи гулу гиёҳҳо, растаи намоиш ва фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, сояафкан, техникаи соҳаи кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод гардид.

6 декабри соли 2023 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигари ҳамфарҳанг номинатсияи «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 январи соли 2024 дар паёми шодбошӣ иброз намудан, «Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб мекунанд ва дар корҳои деҳқонӣ истифода мебаранд. Мувофиқи тақвими чиллашуморӣ, аз 22 декабр чиллаи калон шуруъ мешавад ва шаби даромадани чилларо ниёгони мо бо номҳои «Шаби чилла» ва «Шаби ялдо» ҷашн мегирифтанд. Баъд аз анҷоми чиллаи калон, ки ба 30 январ рост меояд, ҷашни Садаро баргузор мекарданд. Яъне ба ҳисоби мардум чиллаи калон давраи авҷи сардиҳо мебошад».

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 39,2 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он ба 109,6% расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023  3,4 миллиард сомонӣ зиёд аст. Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 52,9 фоизро ташкил дод.

Кишоварзони вилоят барои таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат дар 1387 гектар майдони гармхона сабзавоти барвақтӣ кишт намуданд, ки аз ин ҳисоб 45 274 тонна сабзавот истеҳсол карда шуд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Январь 27, 2025 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад