Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 06.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ шуда, ба ҳавои моҳи январи соли 2000 монанд аст. Дар водиҳо, ноҳияҳои кӯҳӣ ва дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баланд мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 4+5 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 1+2 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 1+2 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-6 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Дар водиҳо шабона аз 2 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 то 14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Инчунин дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 18 ва рӯзона 8 дараҷа хунук мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво то 3-9 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, шабона аз 3 то 11 ва рӯзона аз 1 то 7 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона то 14 ва рӯзона 9 дараҷа хунук мешавад.
Моҳи январ ҳаво дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 17 то 30 ва дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, то 32-37 дараҷа хунук мешавад.
АКС аз Dushanbe travel








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






