Аз байн бурдани коррупсия омили пешрафти ҳар давлат аст

Январь 10, 2025 17:20

ХОРУҒ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъомад баргузор гардид.

Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Олимҷон Маҳмуродзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иброз дошт, ки «коррупсия яке аз зуҳуроти хатарноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф шудааст. Дар ин хусус  дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26 январи соли 2021 таъкид гардида буд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ,  ниҳодаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар сокини ҷумҳурӣ мебошад».

Олимҷон Маҳмуродзода таъкид намуд, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.

Дар айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ барои ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида мешаванд. Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бо ин аъмоли зишт на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки кулли ҷомеа ва ҳар шаҳрванд аст.  Танҳо ба ин васила мо метавонем, ки дар  ҷумҳурии худ сатҳи ин зуҳуроти номатлубро  коҳиш диҳем.

Дар маҷлиси тантанавӣ ба як гурӯҳ кормандон раёсат рутбаҳои навбатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.

АКС: АМИТ «АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард