Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Лахш муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуд

Январь 17, 2025 16:00

ЛАХШ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лахш муҳтаво ва нуктаҳои мубрами Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 расонида шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш  иттилоъ доданд.

Дар  вохӯрӣ гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагию ободкорӣ идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ шуданд.

Иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати стратегӣ буда, иҷрои он омили пешравии босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд, аз ин рӯ  волидон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки  ба тарбияи дурусти онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Ҷавононро чунон бояд тарбия намуд, ки дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистон бештар саҳм гузоранд.

Иштирокчиёни ҷамъомад вобаста ба баланд бардоштани таълиму тарбия, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва  пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ сухан гуфтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Январь 17, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд