Байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Январь 30, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни  имзои шартнома тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки  дар самтҳои табодули донишҷӯён ва устодон байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Чин, робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Чин, коркард ва таҳқиқоти муштарак дар самти лоиҳаҳои фармоишӣ ва грантӣ, коркарди лоиҳаҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва  рушди соҳибкории муштарак ҳамкорӣ намоянд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Январь 30, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд