Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ ба имзо расид

Январь 17, 2025 11:23

ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории гумрукиро таҳким мебахшанд. Далели ин Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ байни  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, ки дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши кадрҳоро сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  ва Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдулносир Ҳимматӣ имзо гузоштанд. Ин санади ҳамкорӣ барои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда, дар таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории судманди ҷонибҳо нақши муҳим мебозад.

Маросими баимзорасонии санадҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон на танҳо иқдоми расмӣ, балки бозгӯи  эҳтиром ва дӯстии амиқи ду миллати бародар буда, қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон маҳсуб мешавад.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 17, 2025 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд