Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар Лаҳистон бе неруи барқ монданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари тӯфони барфӣ қариб 32 ҳазор оила дар тамоми Лаҳистон, асосан дар воҳидҳои маъмурии шимолӣ бе неруи барқ монданд. Дар ин хусус рӯзи якшанбе радиои Лаҳистон хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».
Шуруъ аз 9 январ маъмурони сӯхторнишонӣ дар саросари кишвар тақрибан ба 1000 занги марбут ба ҳавои номусоид, аз ҷумла афтидани шохҳои шикастаи дарахтон ва канда шудани хатҳои барқ вокуниш нишон доданд. Ба иттилои масъули Маркази амнияти давлатӣ, гурӯҳҳои таъҷилӣ барои барқарор намудани интиқоли неруи барқ фаъолона кор мекунанд.
Тибқи пешгӯиҳо, барфрезии шадид дар минтақаҳои шарқӣ, ҷанубӣ ва марказии давлат идома дошта, ҳамзамон дар ноҳияҳои кӯҳӣ миқдори зиёди бориш дар назар аст.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






