БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳар давлати миллӣ ба сифати арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимоя қарор медиҳад
ДУШАНБЕ, 04.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 таъкид карда шуд, ки моро зарур аст ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.
Яке арзишҳои миллӣ ин забон аст. Зеро ҳар давлати миллӣ ба сифати дастгоҳи ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ, қабл аз ҳама, забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимояи ҳаматарафа қарор медиҳад. Чунин иброз намудааст Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар».
— Забони давлатию расмии давлати миллии тоҷикон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол забони тоҷикӣ аст ва мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшану возеҳ баён шудааст. Ҳамзамон бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду таҳкими забони тоҷикӣ ва ҳамқадами замон гардидани он пайваста тадбирҳои судманд андешида ва ин тадбирҳо зина ба зина амалӣ мешаванд.
Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳои табрикотии Президенти мамлакат ба муносибати Рӯзи забон баён гардидаанд, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ — ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.
Забон, аслан, ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ аст ва аз ин ҷост, ки ба ғамхорию пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳоеро амалӣ намуд, ки барои рушду инкишофи мақоми забони давлатӣ равона мешаванд. Барои амалӣ намудани сиёсати забони давлатӣ дар мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори ғамхорӣ ба забони давлатӣ (тоҷикӣ) зарур шуморид, ки ниҳоди нав таъсис диҳад.
Аз ин рӯ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 таъсис ёфта, то имрӯз бо фаъолият дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон саҳм мегузорад.
Тадбири бисёр муҳим дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ин таҳия ва қабули «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» мебошад, ки он 28 ноябри соли 2020 ба тасвиб расида, мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи ин барнома муқаррар гардид.
Дар айни замон барои амалисозии бандҳои Нақшаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ҳар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон вазифадор мебошанд.
Бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» мусоидат хоҳад намуд.
Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Кумита бо мақсади татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо қарори ҳайати мушовара аз 28 марти соли 2011 аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф Шурои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳот таъсис додааст, ки аз 3 гурӯҳ ва 20 бахш иборат аст.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баррасии садҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, даҳҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву ойиннома ва барномаю тавсияномаҳо, фарҳангномаҳои тахассусӣ, теъдоди зиёди санад, парвандаҳои судӣ, таъйиноти судӣ, мақола, нақша, барчаспҳои маводи хӯрокворӣ ва номгузориҳои ташкилоту муассисаҳоро мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дода, истилоҳоти онро коркарду мувофиқа менамояд. Ҳамин фаъолияти пурсамар аст, ки соли 2024 дар кори Шурои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита беш аз 112 фарҳангномаҳои марбут ба истилоҳоти соҳавӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд ва фарҳангномаҳои баррасигардида 891 208 вожаву истилоҳро дар бар мегиранд.
Фарҳангномаҳо бештар дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ, забоншиносӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биологӣ, табииёт, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, варзиш, ҳарбӣ, филизгудозӣ, коргузорӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия гардида, дузабона (русӣ ба тоҷикӣ) ва сезабона (тоҷикӣ ба англисӣ ва русӣ) мебошанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади рушди зебономҳои тоҷикӣ, ки моро бо номи зебою хушоянди тоҷикона муаррифӣ менамоянд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 «Феҳристи номҳои миллӣ» (номҳои писарона ва духтарона) таҳия ва тасдиқ гардида буд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2023 дар таҳрир ва коркарди нав тасдиқ гардида, имрӯз беш аз 4000 номи писаронаю духтаронаро дар бар мегирад ва он барои интихоби номи дилписанд ба кӯдакони навзоди хонаводаи тоҷикон пешниҳод шудааст.
Бо мақсади иҷрои банди 13-и Нақшаи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2020 тасдиқ гардидааст, аз ҳисоби мутахассисон ва барномасозони маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор кардан бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими MozillaFirefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ карда шуд, ки он аз 9 майи соли 2024 дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаю фаъол мебошад.
Забони тоҷикӣ бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеии худро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад. Мутахассисони барномасози Кумита беш аз 2 сол дар таҳияи Барномаи танзими MozillaFirefox заҳмат кашида, ниҳоят ба комёбӣ муваффақ шуданд.
Фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи Барномаи танзими MozillaFirefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, муносиб ва осон буда, дар рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами нек ба самти пеш ба шумор меравад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»