БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тарбияи солим ягона роҳи пешгирии хурофоту тундгароӣ аст
ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари ҷавононе, ки даст ба ҷиноятҳои мудҳиши террористию экстремистӣ мезананд, на донишу саводи кофӣ доранд ва на ягон касбу ҳунар. Зеро маҳз бесаводӣ ва беҳунарӣ одамро ба торикӣ – ба ҷаҳлу хурофоту ифрот мекашад. Вақте ки саводу дониш, ақлу хирад набошад, одам барои як маблағи ночиз шуда, ба роҳи хато меравад ва номи худу Ватанашро доғдор мекунад. Ин матлабро муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салим Давлатзода баён намуд.
Салим Давлатзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон диққати махсус зоҳир намуданд. Зеро таҷрибаи чандинсолаи муборизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҷаҳон бо зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ собит намуд, ки муассиртарин роҳи дур доштани наврасону ҷавонон аз тафаккури тундгароию хурофотпарастӣ фаро гирифтани онҳо ба омӯзишу парвариши солим мебошад.
Тавре Сарвари давлат иброз намуданд, «…то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯинашаванда боқӣ хоҳад монд».
Баъзе аз гурӯҳҳои манфиатдор ғаразҳои нопоки худро ба воситаи ҷавонони ноогоҳ амалӣ кардан мехоҳанд. Бо ин мақсад онҳо нафарони тангназар ва камсаводро мағзшӯӣ карда, ба доми фиреби худ мекашанд, чунон мафкураи онҳоро дигар мекунанд, ки аз ҳеҷ кор рӯй натобанд, бар зидди давлату миллати худ ҳарф зананд, обрӯи мамлакати худро резонанд ва ба рӯи модари худ пой гузоранд. Ана дар ҳамин гуна даврони ҳассос ба масъалаи маориф таваҷҷуҳ кардан нишонаи хиради воло ва дурбинонаи Сарвари давлати тоҷикон аст.
Аммо як нуктаи дигарро набояд фаромӯш кард, ки дар тарбияи кӯдакону наврасону ҷавонон на танҳо кӯдакистон, мактабҳою донишгоҳҳо, балки кулли ҷомеа бояд саҳм дошта бошад.
Вазъияти имрӯза тақозо менамояд, ки аз ҳама пештар рӯзноманигорон, адибон, аҳли зиё ва ходимони дин бояд дар канори муаллимон истода, барои солим нигоҳ доштани мафкураи насли наврас талош намоянд, ҳисси худшиносию худогоҳии онҳоро баланд бардоранд. Зеро бетарафӣ дар ин масъала ба зиёни тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла худи ходимони илму фарҳангу дин мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат дар ин маврид таъкид намудаанд: «… нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем».
Бояд рӯзноманигорони мо бо нашри матолиби маҳкумкунандаи ифротгароию хурофот, адибон бо навиштани осоре, ки тору пуди гурӯҳҳои тундравро ба хонанда бикушояд ва ходимони дин бо таблиғи идеяҳои созандаи дини мубини ислом дар таълиму тарбия ва ташаккули насли наврас ҳамчун шахсиятҳои арзандаи ҷомеа саҳм гузоранд.
Ҳамчунин падару модар дар баробари пеш бурдани фаъолияти ҷамъиятӣ, тиҷоратӣ, давлатӣ ва ё меҳнатӣ тарбияи фарзандонро бояд яке аз масъулияти асосии хеш донанд. Тарбияи фарзанд барои ҳар падару модар шарти аввалу ҳаётӣ аст.
Гузаштагони мо, ки барҳақ, ҳам пояҳои назарию ахлоқии дини мубини исломро асос гузоштаанд ва ҳам барои ҷаҳониён адабиёту фарҳанги оламгир ба мерос гузоштаанд, ҳамеша зидди ҷаҳолат, таассуб ва хурофот мубориза мебурданд, ин зуҳуротро монеаи пешрафту шукуфоии ҷомеа медонистанд, озодӣ, ворастагӣ ва сарфарозии инсонро аз ҳама боло ва муқаддас меҳисобиданд. Ин нуктаҳо дар бештари суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз мегарданд.
Таваҷҷуҳи наврасон ба омӯзиши илм, касбу ҳунар, шуури баланди ҳуқуқию сиёсии ҷавонон ва омодагии ҳар шаҳрванд барои меҳнати содиқона ва софдилона ба хотири ободии рӯзгори худ ва Ватан ягона қудрате аст, ки давлати моро аз ҳама гуна балоҳо эмин медорад ва ба рушду пешрафти боз ҳам бештар мерасонад.
Нуктаи бисёр муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар самти ҷалби наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ ва ба ин васила пешгирӣ намудани паҳншавии ақидаҳои ифротӣ байни онҳо вусъат бахшидани бунёди муассисаҳои томактабӣ дар тамоми мантақаҳои аҳолинишини мамлакат буд. Зеро тамоми донишмандону мутафаккирон таъкид намудаанд, ки кӯдак ҳар қадар зудтар ба илмомӯзӣ оғоз намояд, ҳамон қадар беҳтар аст. Ташаккули истеъдоди кӯдакон низ ба интизому одоб ва фаҳму дарки даврони кӯдакӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, падару модар бояд тарбияи ахлоқии фарзандашонро нахустин ва муҳимтарин вазифаи хеш донанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ моро ҳушдор медиҳад, ки бояд ҳама аҳли ҷомеа ба мактабу маориф рӯй оварда, наврасону ҷавонони мамлакатро ба илмомӯзӣ ҷалб намоем, чунки дар ин даврони ҳассос бақои миллат дар босаводии шаҳрвандонаш зоҳир мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»