Барои таҳқиқоти илмӣ то 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муайян гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки омӯзгоронеро, ки аз рӯйи ихтисосҳои нодир, аз қабили зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология ва биохимия рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя менамоянд, бо маблағи аз 25 то 35 ҳазор сомонӣ ҳавасманд намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Омӯзгорон барои ҳимоя аз рӯйи ихтисосҳои экология, вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва инноватсия низ чунин ҳавасманд карда мешаванд.
Ҳамзамон омӯзгорону кормандони асосии донишгоҳ, ки соли 2025 рисолаҳои номзадию доктори фалсафа (доктор аз рӯйиихтисос Ph.D), докторӣ ва доктор ҳабилитат ҳимоя менамоянд, ба маблағи аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ин тасмим тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ гирифта шудааст.
Таъкид карда шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифи мамлакат дар замони муосир мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз 30 майи соли 2024 мавриди таъкид ва таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






