«Behran Lift» барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифту эскалатор дар Душанбе изҳори ҳавасмандӣ намуд

Январь 9, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбари Ширкати истеҳсолкунандаи лифту эскалаторҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон «Беҳран Лифт» (Behran Lift) мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр ба ҳайати ширкати «Behran Lift» вобаста ба фазо ва имконияти сармоягузории шаҳри Душанбе маълумот дод.

Намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифту эскалатор ва содироти минбаъдаи молу маҳсулот ба давлатҳои минтақа ҳавасмандӣ иброз доштанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Январь 9, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид