Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид

Март 28, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид. Санади мазкур 26 марти соли равон дар маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар ҳузури Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба имзо расид.

Зимни изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «мо ҷараёни устувори афзоиши тиҷорати дуҷонибаро баланд арзёбӣ кардем. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта афзоиши гардиши мол тақрибан 30 фоизро ташкил дод.Мо қабули фаврии Барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард доллари амрикоиро то соли 2030-ро истиқбол менамоем. Аз пешниҳоди расидан ба ин нишондиҳанда то соли 2028 ҷонибдорӣ менамоем. Ҳамкории сармоягузорӣ фаъолона пеш мераванд».

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон зиёда аз чорсад корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳамзамон, дар Тоҷикистон зиёда аз яксаду сӣ корхона бо сармояи Узбекистон фаъолият дорад.

«Ин аз сатҳи баланди фаъолияти тиҷоратии соҳибкорони мо дарак медиҳад Мо ба густариши минбаъдаи иштироки доираҳои тиҷоратии Узбекистон дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон умед дорем», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 28, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард