Бо мақсади муаррифии ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон силсилакитобҳо ба нашр мерасанд

Январь 27, 2025 10:54

ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон силсилакитобҳо чоп карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби фаромилии таъриху тамаддун, фарҳанги воло ва мероси хаттии миллати тоҷик теъдоде аз силсилакитобҳоро таҳти унвони «Ҳулбук-пойтахти Хатлон», «Панҷакенти қадим», «Водии Ҳисор», «Мақбараи Хоҷа-Машҳад», «Тахти Сангин», «Аҷинатеппа», «Қалъаи Ямчун» ва дигар ёдгориҳо таҳия ва омодаи чоп намуд.

Ин китобҳо тибқи тартиби номбаршуда дастраси алоқамандони таъриху тамаддуни тоҷик, олимону донишпажуҳон, хонандагону донишҷӯён, роҳбаладон, гардишгарон ва дӯстдорони китоб хоҳанд шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ин китобҳо дастурамал ва роҳнамо барои муаррифии ҳунари меъморӣ ва осори таърихӣ-фарҳангӣ дар рушди гардишгарии таърихӣ ва сайёҳӣ мебошанд.

Тарбияи насли ояндасози миллат дар руҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва мероси гаронмояи ниёгон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 27, 2025 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид