Дар Бонки миллии Тоҷикистон вазъи низоми бонкӣ ва суғурта дар соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд

Январь 9, 2025 15:32

ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми молиявӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 дар ҷаласаи васеъ, ки таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо иштироки роҳбарони ташкилоти қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилоти маблағгузории хурди Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозу амонатҳои Тоҷикистон ва ташкилоти суғуртавӣ баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон соли 2024 фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, инчунин дар асоси «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат» амалӣ намуд.

Раиси Бонки миллӣ  бо овардани маълумоти оморӣ афзуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат идома дод.

Роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи низоми бонкӣ дар соли 2024, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт, вазъи низомҳои иттилоотӣ ва баҳогузории хизматрасонии низоми бонкӣ тариқи рӯнамо ҳисобот доданд.


Намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ вобаста ба фаъолият, мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин тақвияти заминаи сармоявии ташкилоти қарзӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ, пурзӯр намудани низоми идоракунии хавфҳо, кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, баланд бардоштани савияи тахассусии кормандон, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷрои саривақтии талаботи дастурамалҳои бонк ва зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт сухан гуфтанд.

Таъкид гардид, ки аз рӯйи нишондиҳандаҳои асосӣ вазъи низоми бонкӣ ва суғурта дар соли 2024 беҳтар гардида, васеъ шудани доираи хизматрасониҳои онҳо ба мушоҳида мерасад. Аммо новобаста ба ин, бобати фаъолияти устувори низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ташкилоти қарзии молиявиро зарур аст, ки иҷрои саривақтии «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», «Стратегияи рушди фаъолияти ташкилоти қарзӣ барои солҳои 2022-2026», пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасонии бонкӣ ва суғуртавӣ дар ҳама минтақаҳои мамлакат ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавиро тақвият бахшанд. Инчунин дар самти таъмини баробарии гендерӣ, пурзӯр намудани низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳо, кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, андешидани тадбирҳо барои тақвияти  заминаи сармоявӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан маблағгузориҳои дарозмуҳлат, баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти кормандон, зиёд намудани ҳиссаи дороиҳои даромаднок, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳои киберӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ, шаффофияти фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва суғуртавӣ, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонеъ кардани арзу шикоятҳо нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои идома додани татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», рафъи камбудиҳо бобати муайянкунии қурби асъор ва ба роҳ мондани назорати қатъӣ дар амалиёти асъорӣ, инчунин иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», амалӣ намудани супоришҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар самти рақамикунонӣ ва гузариши пурра ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасонии давлатӣ дар соли 2025 тадбирҳои судманд андешида шаванд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Январь 9, 2025 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид